Ёров додситонро ноҳақ хонд: Бо иттиҳоми сохта Ш.Шоҳтемуру Н.Махсумро қатл карданд
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик баъди зуҳри имрӯз, 27-уми сентябр зимни сухани ниҳоияш дар додгоҳи Душанбе даъвои айбдоркунандаи давлатиро бепоя хонда, афзудааст, ки маҳз дар пайи чунин иттиҳомҳои сохта замоне бузургони миллат ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ҳукми қатл гирифтаанд.
Тавре иштирокдорони мурофиа иттилоъ доданд, Ёров изҳор доштааст, ки давоми фаъолияташ дар ҳазорҳо парванда иштирок дошту тайи 15 сол тариқи ВАО-и давлатӣ баромадҳо мекардааст ва ҳеч нишоне аз ифротгароӣ дар фаъолияташ сабт нашудааст. Ӯ гуфтааст, азмаш барои ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ рисолати вакилияш буд ва ҳеч робитаи дигаре дар миён нест.
Дар идома аз ҳамкораш Нуриддин Маҳкамов ҳимоя карда, изҳор доштааст, ки ташхис дар матлабҳои Маҳкамов ягон нишонаи ифротгароиро наёфтааст ва додрас набояд ба хулосаи танҳо муаллими донишгоҳ такя кунад.
Ёров бо ишора ба 25 соли ҳабс, ки додситонӣ талаб кардааст, афзуд “ман аз аввал ба барқарор шудани адолат дар парванда шубҳа доштам”. Ӯ суол гузоштааст, ки агар баррасии парванда мунсифона бошад, чаро масъулини додгоҳ ба ҳомиёни ҳуқуқ, дипломатҳо ва рӯзноманигорон иҷозат надоданд, ки дар мурофиа иштирок кунанд?
Ин дар ҳолест, ки масъулини додгоҳи шаҳри Душанбе баъди зуҳри 27-уми сентябр нагузоштанд, ки рӯзноманигорон, намояндагони САҲА ва дипломатҳои хориҷӣ суханҳои охирини вакилони боздоштшуда-Нуриддин Маҳкамов ва Бузургмеҳр Ёровро дар мурофиа шунаванд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз назди бинои додгоҳи Душанбе иттилоъ дод, масъулини додгоҳ танҳо барои иштироки наздикони айбдоршавандаҳо иҷозат доданд: “Бо вуҷуди исрори хешовандон дарбон иҷозат надод, ки рӯзноманигорону дипломатҳо дар мурофиа иштирок кунанд. Аммо баъди оғози мурофиа дарбон изҳор дошт, ки мо шуморо даъват кардем, наомадед”.
Ба иттилои хабарнигори “Озодагон” айни ҳол дар мурофиаи додгоҳӣ танаффус эълон шуда, баъди он суханронии ниҳоии Ёров дар мурофиа идома хоҳад кард.
Қаблан Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парванда хост, Бузургмеҳр Ёровро 25 сол равонаи зиндон кунад. Тақдирзода аз додрас хост, молу амволи Бузургмеҳр Ёров бо шумули манзил, мошин ва мағозаи ӯ мусодира шавад. Ёров бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор мешавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои адвокати дигари боздоштшуда Нуриддин Маҳкамов, ки бо моддаҳои 189, қисми 2 банги “г”, 247 қисми 4 банди “б”, 307 қисми 2 банди “г” ва 307 қисми 1 муттаҳам мешавад, 23 соли зиндон талаб кард. Ӯ хост, Ёров ва Маҳкамов ба зиндони низомаш пурзӯр фиристода шаванд.
Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Ёрову Маҳкамов дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам мешаванд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |