Ҳотамов гунаҳкорони шикасти тоҷикон ва аз даст рафтани Самарқанду Бухороро ном бурд
Намоз Ҳотамов, доктори илми таърих дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ҳаводиси солҳои 20-уми асри гузашта ва аз даст рафтани Самарқанду Бухороро шикасти миллати тоҷик хонда, сабабашро муттаҳид набудани тоҷикон унвон намуд.
Ҳотамов, ки дар бораи ҳаводиси соли 1920-и Бухоро суҳбат мекард, гуфт, ҳамеша амали Русияро нисбат ба Осиёи Миёна забт баҳо медиҳад: “Бархе ҳамроҳшавӣ мегӯянд, вале ман ҳамеша забт менависам. То забтшавии Осиёи Миёна аз тарафи Русия дар ин минтақа оромӣ набуд. Аморати Бухоро, Хонигарии Қуқанд, Хонигарии Ҳирот байни худ ягон муносибати хуб надоштанд. Русия вақте омада Тошкандро гирифт, Бухоро ба Қуқанд ҳуҷум карда, онро ишғол намуд. Аз тарафи дигар, байни фарзандонашон низ барои мансаб ҷанг буд. Аз давраи Ҳахоманишиҳо, ки Ардашер 115 писар дошт, баъди фавташ ҳама талоши мансаб карданду Искандар ин давлатро ба осонӣ барҳам дод”.
Намозов афзуд, ки қариб дар тамоми давра рақобати мансаб буд ва муноқишаи ду давлати тоҷикҳо - давлати куртҳои Ҳирот ва Сарбадоронро мисол овард: “Ҳар ду давлати тоҷикӣ бо якдигар ду маротиба ҷанг карданду Темур омада, ба осонӣ ҳар дуро шикаст дода, калламанора сохт. Русҳо ҳам, ки бисёр мутахассисони пурқувват доштанд, гуфтанд, коре кардан даркор то мансабтаъинкуниро зери назорат гиранд. Баъди ба ин муваффақ шудан, дар Осиёи Миёна рақобати мансабӣ аз байн рафт”.
Ба қавли муаррих Намоз Ҳотамов то соли 1924 лидерҳои тоҷикон нисбат ба тақдири тоҷикон огоҳ набуданд: “Ба ҷуз Абдуқодир Муҳиддинов, ки баъди огоҳӣ мавқеи худро маҳкум карда гуфт, ки мо ба миллати худ хиёнат кардем. Баъди соли 1924, ки ҷумҳурии мухтор ташкил гардид, аввалин шуда Нусратулло Махсум нисбат ба тақсимоти миллӣ ҳудудӣ эътирози худро баён намуд. Ҳамчунин Нусруталло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Абдуқодир Муҳиддинов ба Сталин навиштанд”.
Мавсуф мегӯяд, вақте ҳукумати подшоҳии Русия аз байн рафту буржуазия сари қудрат омад, буржуазияи Русия тайёр буд, ки мухторияти Туркистонро шиносад: “Инқилоби октябр ҳамаи халқҳои мазлуми собиқ Империяи Русияро озод кард. Агар инқилоби октябр дар коми ҳамаи мардум шакар рехта бошад, зиёиёни милии мо - Файзулло Хоҷа, Абдулло Раҳимбоев онро заҳр карданд. Чунки Самарқанду Бухоро аз даст рафт".
Ин муаррихи тоҷик афзуд, дар Бухоро бо шахсони масъул вохӯрда суол кардааст, ки чаро чунин шуд: “Гуфтанд, одамони Файзулло Хоҷа омада пурсиданд, ки Шумо кӣ? Гуфтем тоҷик. Гуфтанд, ки ҳа шумо шиамазҳаб! Мо гуфтем астағфируллоҳ. Яъне, мазҳабро омехта карда буданд. Муддатҳо забони коргузорӣ дар Бухоро тоҷикӣ буд, ҳатто дар давраи қарахониҳо ҳам. Вале соли 1920 бо ташаббуси Файзулло Хоҷа забони туркӣ забони давлатӣ эълон мешавад”.
Намоз Ҳотамов, доктори илми таърих дар мавриди сарвати зиёди Амир Олимхон низ ишора карда, гуфт, то замони Шӯравӣ ин амири манғитӣ дар бонкҳои Русия пули зиёд дошт: “Масалан, Бонки русӣ-осиёӣ мегуфтанд, шуъбаи бухороиаш аз Амир пули зиёд ҷамъ карда, аз ҳисоби пули Амир ба дигар шуъбаҳо қарз медод. Аз рӯи ҳисобҳо Амир 34 миллион рубл дошт ва бо 30-40 рубл як гов ё асп харида мешуд. Вақте ҳуҷҷатҳои таърихиро дидам, дар хазинаи Амир боз 30 миллион пули нақд ҳам будааст”.
Ин таърихнигор ба иштирокчиёни маҳфил хабар дод, ки яке аз хешовандони Амир Олимхон ба ӯ гуфтааст, нияти гӯронидани устухонҳои Арим Олимхонро дар Тоҷикистон доранд, чунки Узбекистон рад кардааст: “Ман гуфтам, ки амир ба Тоҷикистон чӣ кардааст?! Ин хешаш гуфт намедонад. Ман гуфтам, коре накардааст. Ба ҷуз бадбахтӣ чизе наовардааст. Бигзор ҳамон ҷо хоб кунад. Агар амир бо қисми пешқадами зиёӣ меистод, мумкин ҳодисаҳои солҳои 20-уми асри гузашта намешуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |