Пурсиши “анонимӣ”-и Кумитаи андоз аз соҳибкорон: Чӣ ё кӣ халал мерасонад?
Кумитаи андози Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи фаъолияташ бо пешниҳоди як суолнома назари шаҳрвандону соҳибкоронро дар бораи монеаҳои асосии рушди соҳибкорӣ дар кишвар пурсидааст.
Дар пурсишномаи Кумитаи андоз, ки дар сомонааш нашр шудааст, дар бораи рафтор, муносибат, фасодкорӣ, дониш, хизматрасониҳои электронӣ ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби мансабдорони мақомоти андоз суол гузошта шудааст. Инчунин раёсати мақомоти андози Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, 5 омили асосиро номбар кунанд, ки барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар халал мерасонанд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шароити имрӯза тақозо мекунад, то барои рушди соҳибкории хурду миёна ва истеҳсолот шароити боз ҳам беҳтар фароҳам карда шавад: “Барои ислоҳи камбудиҳо ва дастгирӣ мехоҳем назари соҳибкоронро дар бораи мушкилоти воқеияшон фаҳмем”.
Ба иттилои манбаъ шаҳрвандон метавонанд, бидуни зикри ном посухҳояшонро ба почтаи info@andoz.tj ирсол намоянд, ё бевосита ба Кумитаи андоз то 4-уми октябр дастрас намоянд.
Ин суолгузориҳои мақомоти андоз дар ҳолеянд, ки бархе аз соҳибкорону коршиносон расмиёти барзиёду андози гаронро мушкили аслии рушди соҳибкорӣ дар кишвар медонанд. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон масъулини андоз бидуни пурсишнома низ мушкилоти аслии рушди соҳибкорӣ дар кишварро медонанд, аммо дар ислоҳашон шитоб намекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |