Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии ИДМ – ро ба фоидаи иқтисодиёти кишвар арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ, баъзе намуди пардохтҳо зимни воридоту содироти мол бекор мешаванд, ки ин дар навбати ба афзоиши гардиши мол ва арзонӣ дар бозорҳои кишвар мусоидат мекунад.
Акнун ба гуфтаи Владимир Путин, сарвазири Русия барои амал намудани муқаррароти Созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии ИДМ зарур аст, ки парлумони кишварҳои узв онро ба тасвиб расонанд. Президенти Русия якумин шуда, созишномаро барои тасвиб ба парлумон пешниҳод кард. Ҳукумати Украина аз кишварҳои узви ИДМ даъват кардаст, ки корҳоро дар самти тасвиби созишнома вусъат диҳанд, то минтақаи озоди тиҷоратии ИДМ тавонад аз 1 –уми январи соли 2012 –ум фаъолият кунад.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |