Ду тоҷик дар озмуни хонандаҳои Қуръони Маскав барандаи роҳхат ба ҳаҷҷи умра шудаанд
Мақоми аввали XVII-умин озмуни байналмилалии Маскав насиби Абдулло Фаҳмӣ аз Малайзия шудааст.
Юсуф Абдулло аз Яман дар ҷойи ду ва Алӣ Саллоҳ Алӣ Умар аз Баҳрайн дар зинаи сеюм нишастаанд. Даври ниҳойии озмун 25 сентябр дар толори “Крокус сити холл”-и пойтахти Русия баргузор шуд.
Дар маҷмӯъ дар ин озмун намояндаҳои 30 кишвар иштирок кардаанд. Ба ҳунари онҳо қориёни маъруфи Қуръон аз Русия, Баҳрайн, Эрон, Марокаш ва Туркия баҳо додаанд.
Ҷоизаи вижаи Равил Гайнутдин, муфтии Русия ба Саид Маҳдӣ аз Эрон ва ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ба Салмон Муҳаммад аз Ироқ дода шуд.
Мубтакирони озмун мегӯянд, дар ҷараёни баргузории даври финалӣ се роҳхат ба ҳаҷҷи умра ҳам соҳибони худро ёфтаанд: “Дуто аз ин роҳхатҳо насиби тоҷикон ва яке насиби як мусалмондухтари африқоӣ шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |