Ҳосили хуби картошкаи “Шукрона” дар Лахш ва нақшаи нави Президент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми сентябр аз таҷрибаи хуби тавлиди картошка дар Лахш тавсиф карда, изҳор доштааст, ки имконоти истифоданашуда ҳануз зиёданд. Ӯ нақша гузоштааст, ки тайи ду-се соли оянда ҳосили картошка ба 150 ҳазор тонна расонда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон кишоварзони Лахш соли гузашта 87 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуда, имсол ин нишондод то ба 100 ҳазор тонна расонда мешавад: “Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 2 ҳазору 380 гектарро ташкил дода, ҳосилнокии он ба 350-360 сентнер мерасад. Ба гуфти хоҷагидорон имсол нисбат ба соли гузашта майдони кишти картошка 200 гектар зиёд буда, истеҳсоли он ба 100 ҳазор тонна расонида мешавад”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки кишоварзони Лахш навъҳои серҳосили картошка, ба монанди “Шукрона”, «Тоҷикистон», «Сурхоб» ва «Рашт» -ро кишт карданд, ки маҳсули Академияи илмҳо мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулини ноҳияи Лахш супориш додаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |