Мафтуна мегӯяд, агар ҷарроҳӣ нашавад, пояшро мебуранд (АКС)
Мафтуна Шоева, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, ки дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Русия маҷруҳ шудааст, барои ҷарроҳӣ аз саховатмандҳо ёрӣ мехоҳад.
Мафтуна, ки ҳамроҳи бибияш ба дафтари “Озодагон” омад, гуфт, табибон ҳушдор додаанд, ки агар давоми як моҳи оянда ҷарроҳӣ нашавад, маҷбуранд, пояшро бибуранд.
Ба гуфтаи ӯ, 10 сентябри соли 2014 ҳамроҳи хонаводааш барои кор Русия рафт ва 21 ҳамон моҳ, дар нахустин рӯзи ба кор шурӯъ карданаш ба садамаи автомобилӣ дучор шуд: “Азбаски дар курсии пеши мошин нишаста будам, бештар зарар дидам. 15 рӯз дар кома ва 5 моҳ дар шӯъбаи эҳё будам. Чор маротиба ҷарроҳӣ шудам”.
Мафтуна мегӯяд, аз он садама ду сол гузашт, аммо саломатиаш бадтар мешавад. Табибони беморхонаи № 4-и пойтахт дар пайи ташхис гуфтаанд, агар пояшро саривақт ҷарроҳӣ накунанд, ба хушкшавӣ мерасад, ки пасон маҷбуранд, онро бибуранд: “Табибон барои ҷарроҳӣ бо дарназардошти ҳамагуна хароҷот, ки қисме аз он аз хориҷа оварда мешавад, 3,5 ҳазор доллар лозим аст. Хонаводаи мо ин маблағро надорад”.
Фотима Шокирова, бибии Мафтуна гуфт, ҳарчанд дар он садамаи нақлиётӣ ронандаи рус гунаҳгор буд, аммо чун ҷабрдидаҳо тоҷик буданд, касе ба додашон нарасид: “Мо ҳама аснодро доштем, ки садама бо гуноҳи ронандаи рус рух додааст, ба ҷойҳои лозим муроҷиат кардем, ки ақалан каме маблағи муолиҷаро пардохт намояд, аммо касе ба додамон нарасид. Дар чор ҷарроҳии набераам тамоми маблағи доштаамонро сарф кардем. Аз беморхонаи Санкт-Петербург 50 ҳазор рубли русӣ қарздор шудем ва дигар шароити идомаи табобат нашуду ба Ватан баргаштем”.
Ӯ афзуд, наберааш ҳанӯз 22 сол дорад ва дар зиндагӣ чизеро надидааст, мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш хушбахт гардад: “Барои ин ба кумаки ҳар сокини саховатпеша ниёз дорем. Умедворем, дасти ёрӣ дароз мекунед, то Мафтуна ҷароҳӣ ва сиҳат мешавад”.
ШУМОРАИ ТЕЛЕФОНҲО БАРОИ ТАМОС БО ХОНАВОДАИ МАФТУНА: (+992) 907 21 79 84, 901 30 30 80;
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |