Посухи Шӯрои уламо ба пешниҳод барои суд кардани мунтақидони Паёмбар

Дар пасманзари иддао, ки бархе аз донишмандони тоҷик ба таҳқиру тавҳини дин ва паёмбари Ислом дар интернет даст мезананд, корбарони сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод хостаанд, чунин афродро ба додгоҳ бикашад.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки худро Сорбон муаррифӣ кардааст, изҳор доштааст, ки “имрӯз баъзе зидди Паёмбар (с) мақола менависанд ва ихтилофи диниро бармеангезонанд. Шумо ҳамчун масъули мазҳабии кишвар онҳоро ба додгоҳ намекашед? Аз додгоҳ талаб кунед бо сахтарин ҳукм муҷозот шаванд. Чунки инҳо дидаву дониста муқаддасоти моро зери по мекунанд ва таҳқиру тавҳин мекунанд”.
Шӯрои уламо ба пешниҳоди ба додгоҳ кашидани муаллифони матолиб алайҳи Паёмбар чунин посух додааст: “Бародари азиз, дини Ислом дини сулҳу сафо, муҳаббату самимият ва ахлоқи волои инсонӣ аст. Албатта дар ҳар асру замон душманон нисбати ин дини поку ростин кинаву адовати худро ошкор месозанд ва суханони таҳқиромез мегӯянд, аммо дар баробари ҳамаи ин бархӯрдҳои манфӣ ин дини осмонӣ ва инсонпарвар бо равиши ҳикмату насиҳат ва панду андарзи некӯ муносибат мекунад. Чунончи дар аҳодиси набавӣ ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) ҳеҷ вақт барои худ интиқом намегирифтанд ва бо ахлоқи накӯи худ бо мардум муошират мекарданд. Аз ҳамин сабаб бисёр касоне, ки ба Пайғамбар (с) душманӣ меварзиданд, бо мушоҳидаи ин ахлоқи волои ӯ кинаву адоваташон ба ихлосу муҳаббат мубаддал мешуд. Ин ҳамон ҳадафе аст, ки дини Ислом онро мехоҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |