Пешгӯӣ: Трамп президенти Амрико мешавад

Алан Лихтман, устоди таърихи Донишгоҳи Вашингтони Амрико, ки интихоботҳои раёсатҷумуҳурии Амрикоро аз соли 1984 ба ин сӯ дақиқ пешгӯӣ кардааст, Доналд Трампро барандаи интихоботи имсола гуфтааст.
Ин таърихдон, ки дар пешгӯии интихоботҳои Амрико аз 13 шохис ё калид истифода мекунад, дар суҳбат бо “Вошингтон Пост” гуфтааст, он шохисҳо ба пирӯзии Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон ишора мекунанд. Ба таъкиди Лихтман, пешбинии натиҷаи интихоботи имсол ба яке аз душвортарин пешбиниҳо аз соли 1984 то кунун табдил шудааст. Бо вуҷуди ин Алан Лихтман изҳоор доштааст, “ҳама бояд раъй бидиҳанд”.
Алан Лихтман бо ишора ба вижагиҳои Трамп гуфтааст: “Мо қабл аз ин номзаде ҳамчун ӯ надоштем, ки худро аз ҳисоби дигарон бой кардааст. Мо пештар номзаде надоштем, ки дубор дар баробари ҳарифи худ хушунат барангехт. Номзаде надоштем, ки нерӯи хориҷиро барои дахолат дар интихоботи Амрико даъват кардааст. Ин гуна номзад ҳам надоштем, ки таҳдид ба ҷанг кунад, агар киштиҳо дар обҳои Халиҷи Форс ба мо наздик шаванд. Бо ин ҳама истисноҳои Доналд Трамп мумкин аст ӯ улгуҳои 150 соларо бишиканад”.
Шохисҳои мавриди истифода дар системаи Лихтман шомили калидҳое ба монанди амалкарди ҳизбӣ дар интихоботи миёндавраӣ, рақобат ё набуди рақобати раисҷумҳури феълӣ, муваффақиятҳои ахири сиёсати хориҷӣ ва таҳавулоти сиёӣ мебошад. Ин 13 шохиси Лихтман ҷавоби “дуруст ё ғалат”доранд ва ҳар ҷавоби дурусте ба нафъи интихоби дубораи ҳизбе аст, ки раёсати “Кохи Сафед”-ро бар уҳда дорад. Агар ҷавоби 6 шохис ё бештар ғалат бошад, ҳизби ҳукмрон мумкин аст шикаст бихурад.
Доналд Трамп яке аз чеҳраҳои моҷароҷӯи Амрико ба ҳисоб меравад. Ӯро шахсияти “исломситез” ҳам ном мебаранд. Чанд бор алайҳи мусалмонҳо изҳорот дода ва ҳатто пешниҳод карда буд, вуруди мусалмонҳо ба ИМА манъ карда шавад.
Рақиби ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико Ҳилларӣ Клинтон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |