Раддияи Назарзода: Ҳазфи «Е», «Ё», «Ю» ва «Я»-ро пешниҳод накардаам

Профессор Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабари расонаҳои русӣ дар мавриди тағйир додани алифбои тоҷикӣ ва ҳазфи ҳарфҳои «Е», «Ё», «Ю» ва «Я»-ро дурӯғи маҳз хонд.
Назарзода имрӯз, 24-уми сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки ин хабар ҳеч воқеияте надорад ва зарурате ҳам барои чунин тағйирот нест: “Мо, нав, чанд сол пеш ба қоидаҳои имло тағйирот ворид кардем ва ҳоло дар як фосилаи бисёр кутоҳ, дубора ворид кардани тағйирот ба он ҳеч зарурат надорад”.
Такзиби ин хабар аз ҷониби Назарзода дар ҳолест, ки баъзе аз расонаҳои русӣ ӯро муаллифи лоиҳа барои лағви ҳарфҳои йодбарсар хондаанд. Аз ҷумла торнигори kapital-rus.ru бо истинод ба оҷонсии хабарии “Регнюм” навиштааст, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд ҳарфҳои «Е», «Ё», «Ю» ва «Я»-ро аз алифбо ҳазф кунанд. Ба навиштаи ин торнамо муаллифи ин лоиҳа Сайфиддин Назарзода мебошад ва дар рӯзномаи ҳукуматии “Ҷумҳурият” ҳам чунин як матлабро нашр намудааст.
Аммо Сайфиддин Назарзода, ки аз ӯ дар хабари kapital-rus.ru бо иштибоҳ директори феълии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳо ном бурда шудааст, гуфт, ки ӯ ҳеч гуна лоиҳа коркард ва дар “Ҷумҳурият” нашр нанамудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |