Убайдуллоев барои 2 сол ҳаракат дар маҳаллаи 82-ро маҳдуд кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, барои сохтмони чорсӯ (эстакада)-и нақлиётии сеқабата дар маҳаллаи 82-и пойтахт ҳаракат дар ин масирро барои ду соли оянда маҳдуд кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе ҳаракат дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафурови маҳаллаи 82-и пойтахт то 30 июли 2018 қатъ мегардад.
Манбаъ афзуд ҳаракати нақлиёт тариқи кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат роҳандозӣ шуда, барои танзими ҳаракат дар ин роҳҳо Убайдуллоев ба масъулин дастур додааст.
Шаҳрдори Душанбе аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, дархост кардааст барои иҷрои ин қарор ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Эстакадаи маҳаллаи 82-юм нахустин роҳи сеқабата дар кишвар хоҳад буд, ки аз ҷониби Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Чин сохта мешавад: “Назорати сифати он бар души Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон гузошта шудааст. Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи даврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купруки дарозиаш 125 метр бунёд мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |