Президент теъдоди кормандони Омбудсменро зиёд кард
Дар пасманзари шикоятҳо оид ба нақзи ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта қарор кардааст, ки теъдоди кормандони дастгоҳи омбудсмени тоҷик ҳудуди 20 дарсад зиёд карда шавад.
Тибқи амри раисиҷумҳур теъдоди кормандони Дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз 21 ба 25 нафар расонда шавад. Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки пардохти маоши кормандони иловагии дастгоҳи омбудсменро аз 1-уми июли соли равон таъмин кунанд.
Афзоиши теъдоди кормандони дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҳолест, ки вақтҳои охир иддао дар бораи афзоиши нақзи ҳуқуқи инсон ва камсамарии кори дафтари омбудсмен зиёд садо медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |