2 декабри соли равон бо ибтикори сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлӣ ва дар ҳамкорӣ бо академияи «Саҳития»- Фарҳангистони илмии забон ва адабиёти Ҳинд» бахшида ба таҷлили 100-умин солгарди зодрӯзи қаҳрамони миллати тоҷик, шоир, нависанда ва ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ Мирзо Турсунзода ва перомуни фаъолияти адабии ӯ симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад.Дар кори ҳамойиш меҳмонон аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон, инчунин корпуси дипломатии муқими Ҳиндустон ширкат хоҳанд кард.
Ҳамзамон, дар нишаст дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту эҷодиёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода маърӯзаҳои илмӣ сурат мегиранд. Ба ҷуз ин, дар рафти кори симпозиум нмоиши филми мустанад дар бораи устод Турсунзода дар назар аст.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |