АКС: Сӯзондани акси Кабирию Атоулло ва сангзании бинои САҲА

Гуруҳи донишҷӯёни Тоҷикистон, ки худро “ҷавонони фаъол” ном мебаранд, имрӯз, 23 сентябр баъд аз баргузор кардани маҳофили эътирозии ҷавобӣ дар донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ ва техникӣ бо аксу шиорҳое назди дафтари САҲА дар Душанбе омада, ба дару деворҳои САҲА сангандозӣ кардаанд.
Аслиддин Хушвахтов, яке аз мубтакирони ин ҳамоиши эътирозӣ дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, ин кори онҳо митинг набуда, танҳо чанд аксе оташ зада шудааст. Ба гуфтаи ӯ, пулис касонеро, ки сангандозӣ намудаанд, боздошт намуд: “Ин митинг набуд, барои ин иҷозат даркор нест. Он ҷо ягон бетартибӣ набуд ва касонеро ҳам, ки боздошт карданд, озод мешаванд”.
Ҷавонони эътирозгар дар назди бинои САҲА дар Душанбе акси Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, Додоҷон Атоулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор” ва Шарофиддин Гадоев, раиси созмони мамнӯи “Гуруҳи 24”-ро оташ задаанд.
Хушвахтов мегӯяд, ки ҳадафи онҳо аз ин эътироз он аст, ки САҲА ба муроҷиати ҷавонони Тоҷикистон посух бигӯяд ва аз дастгирии касоне, ки дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ муҷрим шинохта шудаанд, даст кашад.
Ҳамоишҳои эътирозии ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишвар дар посух ба эътирози мухолифини тоҷик дар Варшава рӯзҳои охир идома дорад. Рӯзи 19 сентябр як гурӯҳ аз аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гуруҳҳо, ки худро мухолифони ҳукумати Тоҷикистон эълон кардаанд, ба ҷаласаи САҲА ворид гардида, хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |