Проффесори рус: Дар Тоҷикистон инқилоби сабзи исломӣ метавонад ҳар лаҳза сар бизанад...

Андрей Манойло, профессори Донишгоҳи давлатии Маскав сар задани инқилобҳои рангаро дар Осиёи Миёна аз эҳтимол дур намедонад.
Ӯ бо ишора ба ин ки Амрико барои заъиф кардани нуфузи Русия дар ин минтақа талош мекунад, гуфтааст: “Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба гунаи собиқ фишори Амрикоро эҳсос мекунанд”.
Андрей Манойло дар суҳбат бо “Спутник” иддао кардааст, дар Тоҷикистон инқилоби сабзи исломӣ метавонад ҳар лаҳза сар бизанад: “Онҷо барои иттифоқ уфтодани ин чиз асос вуҷуд дорад. Аммо агар ин як инқилоби исломӣ бошад, пойгоҳи низомии 201-и Русия дахолат мекунад”.
Бо вуҷуди ин, Манойло ба далели даргузашти Ислом Каримов ва набуди меросбар сар задани инқилобро бештар хоси Узбакистон медонад. Ба таъкиди ӯ, “дар Узбакистон ҳукумат дар дасти афроде ҳаст, ки мақомоти иҷроияро дар даст доранд, аммо касе аз онҳо лидер нест. Аз ин рӯ як қаттор хатарҳо вуҷуд доранд. Узбакистон бештарин нуфус аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва захираҳои бойи тилло дорад. Ин ду чиз Амрикоро таҳрик додааст ва пулҳо аз роҳи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ вориди Узбакистон шудаанд. Ман фикр мекунам, ки ин пулҳо барои дастгирии мухолифин, ки баро иштирок дар интихоботи 4-уми декабр омодагӣ мебинанд, ворез мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |