Дастури Президент ба Ятимов: Созишнома бо Чинро имзо кунед
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо имзои қарори ҳукумат Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварро муваззаф кардааст, ки созишнома бо ҳукумати Чин дар мавриди сохтмони иншооти низомӣ дар марзи Тоҷикистонро имзо кунад.
Тибқи қарори имзонамудаи раисиҷумҳури Тоҷикистон созишнома бо Чин асосан бунёди иншооти низомӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар бар мегирад. Чин дар пайи дархости ҳукумати Тоҷикистон розӣ шудааст, ки бо маблағҳои грантӣ дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон 3 комиссариати ҳарбӣ, 4 қисми низомӣ, 4 дидбонгоҳи марзӣ ва як маркази таълимиро бунёд кунад.
Ин иқдоми ҳукумати Чин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1000 километр марзи муштрак дорад, ки аз қисми зиёди он осебпазир арзёбӣ мешавад. Нигарониҳо аз амнияти марзи Тоҷикистон дар пасманзари нооромиҳои охир ва фаъолшавии силоҳбадастони ифротӣ дар шимоли Афғонистон бештар шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |