Насби аввалин дарвозаи назоратӣ дар Масҷиди марказӣ
Дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аввалин дарвозаи назоратӣ насб шудааст.
Ин дастгоҳ ҳоло танҳо дар даромадгоҳи дарвозаи асосии масҷид насб шуда, дар даврозаи ҷанубии он мавҷуд нест.
Моҳи 29 июли соли равон Маҳмуд Сангалиев, масъули Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон аснои суханронӣ қабл аз намози ҷумъа гуфта буд, ба манзури ҷилавгири аз амалҳои номатлуб ва амнияти намозгузорон то 3 сентябри соли равон дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ дарвозаҳои назоратӣ насб мешаванд.
Ба гуфтаи ҷаноби Сангалиевин тасмим дар пайи як ҷаласа бо ҳузури олимон гирифта шудааст. Ӯ афзуд, “имрӯз инсонҳоро шинохта намешавад, боз маводе надароранд”.
Ин масъули Раёсати фатво эҳтиёткориро ягона роҳи дуруст шумурда гуфт, ин роҳе аст, ки инсон аз худаш дифоъ мекунад.
Чанд сол қабл дар бештари масоҷиди Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |