Клипи Резедаи нимбараҳна дар масҷиди марказии Тотористон баҳсбарангез шуд (ВИДЕО)
«Жаним»-клипи нави Резеда Ганиуллина, овозхони маъруфи Тотористон, ки бо либоси нимбараҳна дар масҷиди марказии ҷумҳурӣ ба навор гирифта шудааст, норозигии бархе аз сокинон ва руҳониёни ин кишварро ба вуҷуд овардааст. Ин клип, ки як қисми он дар масҷиди Сафеди шаҳри Болгар сабт шудаасту ахиран тариқи телевизионҳои Тотористон намоиш дода шуд, боиси норозигии бархе аз сокинон ва муфтиёти Тотористон гардидааст.
Бархе аз имомхатибони тотор бо бознашри ин клип дар шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба иқдоми “Pussy Riot” баробар кардаанд, ки баъди он дар қонуни ҷиноии Русия барои нақзи ҳуқуқи диндорӣ ҷазо пешбинӣ карда шуд.
Комил Самигулин, муфтии Тотористон низ дар вокуниш ба ин клип дар саҳфаи интернетияш навиштааст, ки масҷид Хонаи Худо ҷои рақс нест, ҷои тоату ибодат аст.
Дар баробари ин бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз “фанатизм”-и гуруҳи диндорон интиқод намуда, изҳор доштаанд, ки чизи бадеро дар ин клип надидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |