Бахшҳо
22 сен 2016 15:23Тоҷикистон / Акс

АКСУ САДО: Эътирози навбатии ҷавонон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ: ҲНИТ дар Варшава зидди Пешвои миллат хест

Як гуруҳ аз ҷавонон бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар конфрони марбут ба ҳуқуқи инсони Варшава дар Донишгоҳи омӯзгорӣ гирди ҳам омадаанд.

Ин ҷавонон дар толори маҷлиси Донишгоҳи омӯзгорӣ иддао доранд, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ “мехоҳад боз ҷангро сар кунанд”.

Сайдулло Қувватов, яке аз ин ҷавонон ҳангоми суханронӣ мухолифони ҳукуматро, ки дар Варшава эътироз карданд, барои интиқод аз Эмомалӣ Раҳмон танқид кард: “ҲНИТ зидди Пешвои миллат хестанд. Тинҷиву оромиро дар кишвар аввал Худованд, дуввум Пешвои миллат овард”.

Ба иддаои ин ҷавон, ҲНИТ мехоҳад “ғаразҳои нопоки худро дар Тоҷикистон амалӣ кунад”. Ӯ бо ишора ба ин ки гирдиҳамоии Варшаваро раиси ҲНИТ тарҳрезӣ кардааст, гуфт, “дар кишварҳои дигар афроде мисли Кабирӣ одамонро бадбахт карданд”.

Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, дар толори маҷлиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон беш аз 300 донишҷӯ нишастаанд, аммо зоҳиран то шурӯи ин ҳамоиш кам касоне дар бораи мавзӯи он хабар доштанд: “Қабл аз оғоз аз чанд ҷавон пурсидам, ки қарор аст дар ин ҳамоиш чӣ шавад, ҷавоб доданд, ки “намедонем”.

Бегоҳи 20 ва субҳи 21 сентябр як гуруҳ аз ҷавонон назди дафтари САҲА (Созмони амният ва ҳамкорӣ дар аврупо) дар Душанбе гирди ҳам омада ва муроҷиатномаеро ба кормандони намояндагии САҲА таслим карда буданд.

Аслиддин Хушвахтов, яке аз ин ҷавонон ба “Озодагон” гуфта буд, дар муроҷиатномаи худ аз САҲА хостаанд, чаро Аврупо нафаронеро, ки дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои сангин таҳти пайгард қарор гирифтаанд ва алайҳи онҳо парванда боз шудааст, имкони буду бош медиҳад ва монеи ҳузури онҳо дар нишасти Варшава нашудааст.

19 сентябр гуруҳе аз ҷавонони тоҷик бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшаваи Аврупо хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд. Ин гуруҳ баъдан вориди толоре шуд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, бо шумули Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ҷараён дошт. Эътирозгарон дар тан либос бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор қарор гирифтанд.

Сайдулло Қувватов дар ҳамоиши имрӯз дар Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, сару садоҳои намояндаҳои ҲНИТ дар бораи фишор бар мусалмонон асос надорад. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Ҳоҷии асосии Тоҷикистон ва пешвои мусалмонони дунё Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо бояд дуомонам аз Эмомалӣ Раҳмон кунем. Ба ягон ҳоҷиву ягон муллову ягон наҳзатӣ эҳтиёҷ надорем. Пешвоямон ҳар рӯз ба мо дуо медиҳад”.

Қувватов иддао кард, ки ба маслиҳату пуштибонии САҲА эҳтиёҷ надоранд: “Агар тинҷиву ободии Тоҷикистонро мехоҳанд мисли Чин омада маблағгузорӣ кунанд, корхонаву роҳу нақб созанд. Чаро ин корро намекунанд? Чаро САҲА як НБО намесозанд? Агар ободии Тоҷикистонро хоҳад Муҳиддин Кабирӣ ва дигар душманони миллати тоҷикро дошта, Тоҷикистон равон кунанд”.





АКСУ САДО: Эътирози навбатии ҷавонон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ: ҲНИТ дар Варшава зидди Пешвои миллат хест


АКСУ САДО: Эътирози навбатии ҷавонон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ: ҲНИТ дар Варшава зидди Пешвои миллат хест
Мӯҳр
Сафо
Шармандахо аз чавононе истифода мекунанд, ки дасти чапашонро аз росташон фарк карда наметавонанд! шуморо чиву ба САХА кордор шудан чи зомбихо?! Шумо ки аз конуну хукукхои худ хабар надоред чи медонед, ки САХА чи конунхову кишвархои Аврупои чи шароитхое доранд! шумо, ки махфуми озодиро намедонеч манкуртон шуморо чиву дар бораи Озодиву хостахои озодихон гап задан чи?! Холо агар аз хамин чавонон пурсем, ки Истиклолиятро ки ба мо овард хатман мегуянд пешвои миллат)))

Заложник.Бечора студентхоям вобаста шуд.Номарди...

Шармандахои милати Точдо, оё шумоён медонен? Шумоён ояндаи ГАСТАРБАЙТЕРОНИ ТОЧИКИСТОНЕН. ХУДО ХОР КУНАТОНА...

сиёсат
Сиёсат кори хар кас нест гапи журналистро хонед хулоса бароред: дар толори маҷлиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон беш аз 300 донишҷӯ нишастаанд, аммо зоҳиран то шурӯи ин ҳамоиш кам касоне дар бораи мавзӯи он хабар доштанд: “Қабл аз оғоз аз чанд ҷавон пурсидам, ки қарор аст дар ин ҳамоиш чӣ шавад, ҷавоб доданд, ки “намедонем”. як журналист хамаатона шарманда кардай акалан як раз пеш репетиция накардам!

Шохид
СУХБАТИ ДУ НАФАР ДАР ЗАЛ НИШАСТАГОН:
- Чи гап аст, ки моро аз дарс монда инчо оварданд?
- Намедонам, гуфтанд хаминча хап шинед, сурат ки гирифтанд баъд чавоб хонахо равед.

Чавон
Хар чизе ки бар зидди чахонбинии араб аст кобили дастгирист

озоди
бечора шумо чиро мефахмед онхо барои хукуки худ ба по хестаанд шумо бо ин коратон манкурт будани худро дар намоиш мегузореду халос

Devona
Сайдулло Қувватов, baroi avval zaboni adabii tojikiro biomuz! Vakte kobiliyat nadori zaboni me'yori davlati hudatro az hud kuni pas az tu chiro intizor meboyad shud. Dar kujoi Avrupo modaronro yo duhtaronro luchu uryon didi? Az Tojikistoni kuchak berun nashudi , fikr mekuni digar hama dunyo " ay shuki shuki "hudatand? Sozmoni hamkorihoi Avrupo talab dorad,ki bozdoshtshudagonro mardona, shaffofu ozod , gunohashonro isbot karda ba'd hukm dihand, na chunine ki holost!
Agar mardi pas charo nazdi saforati rusho etiroz namekuni? Ohir onhoyand ,ki tu millati past muarrifi shudi, onho turo elakbarin shattazani dorand, onho duhtari SHARKii turo tajovuz karda kushtand,prichem dar tagi binii hudat...ku pasoyandi "Peshohang",ku nogardoni "Avangard"..?Ba HNIT aloka nadoram, ba 24"-u ba 25 ham hej aloka nadoram, vale tojikro mard didan mehoham. Nafrat ba tojike,ki tarsuyu nomard ast.

Солех
Чавонон бедор шавед, ки ин чинояткорони байналмилали аз номи чавонон дар давлатхои Аврупо баромадхо карда номи Точикистонро паст зада маскараи намояндагони хоричи карда истодаанд. Боз шарм накарда ин амалашонро ба худ пирузи номида дар тамоми сахифахои интернети бозичаи дасти хоричиён будани худашонро нишон дода истодаанд.


Донишчу
Сайдулло Қувватов дар ҳамоиши имрӯз дар Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, сару садоҳои намояндаҳои ҲНИТ дар бораи фишор бар мусалмонон асос надорад. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Ҳоҷии асосии Тоҷикистон ва пешвои мусалмонони дунё Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо бояд дуомонам аз Эмомалӣ Раҳмон кунем. Ба ягон ҳоҷиву ягон муллову ягон наҳзатӣ эҳтиёҷ надорем. Пешвоямон ҳар рӯз ба мо дуо медиҳад”.
Шармандаи ду олам кардед хамара, чихели пешвои хамаи мусалмонони чахон?????????????????

Ман ин чавонро мешиносам. Раиси созмони чавонон дар ДДОТ хаст. Ман хам имруз иштирок дошта будам. Хамаро мачбур дар толор шинондан. Баъди бадном кардани ДМТ, АКНУН Навбати ДДОТ шуд. Худо нокарда бошад. Ба наздики навбати Донишгохи тибби хаст. То боварии мардумро ба ин спектакл чалб намоянд!

тт
Пешвои мусулмонони чахон хам хандаовару хам гиряовар

Хамин донишчухо баъди 2-3 сол хамаашон донишгохро хатм мекунанд ва ояндашона медониста-бошанд,ки ё гастарбайтери аст ё омузгор шуда бо 500-600 сомони дарс медиханд араки пешонишон дар дахонашон расида ё мухолиф мешаванд!!!
Бечорахо мухточи илму донишанд худашон пагох фарзандони ин миллата чигуна дониш медода бошанд ??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)