Ёвари Э.Раҳмон: Кишварҳое, ки дар баробари ҷанги иттилоотӣ муқовимат карда наметавонанд, дучори бесуботии сиёсӣ мешаванд
Ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфтааст, ифротгароён дар шароити ҷаҳонишавӣ расонаҳоро барои пароканда кардани идеяҳои худ истифода мекунанд.
Шуҳрат Буриев ин нуктаро дар конфаронси байналмилалии “Расонаҳо ва муҳити рақамӣ: чолиш ва имкониятҳо”, ки имрӯз, 22 сентябр дар Душанбе ҷараён дорад, баён доштааст. Ба таъкиди ӯ, ингуна мавридҳо бояд дар назар гирифта шаванд. Буриев афзуда, кишвареҳое, ки дар баробари ҷанги иттилоотӣ муқовимат карда наметавонанд, дучори бесуботии сиёсӣ мешаванд: “Расонаҳо бояд дар ин гуна маворид манфиатҳои миллӣ ва амнияти кишварҳои худро ҳимоят кунанд. Бидуни иштироки расонаҳо суботи кишварҳо имкон надорад”.
Ин мақоми тоҷик ҳамчунин қайд кардааст, ки расонаҳои муосир дар заминаи расонидани иттилои дақиқ аз ҳодисаҳои кишвар ба мардум мебошанд.
Айнура Темирбекова, ҷонишини вазири фарҳанг, иттилоъ ва туризми Қирғизистон дар ин конфронс гуфтааст, кишварашро низ ин гуна чолишҳо таҳдид мекунанд. Ба гуфтаи Темирбекова, Қирғизистон дар заминаи озодии расонаҳо аз миёни кишварҳои минтақа дар садри раддабандӣ қарор дорад ва ин тамоюлро давом хоҳад дод.
Дар конфронси “Расонаҳо ва муҳити рақамӣ: чолиш ва имкониятҳо”, ки бо ибтикори намояндагии “Internews” дар Тоҷикистон созмон ёфтааст, рӯзноманигорон ва мудирони расонаҳо аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Украина ва Чехия ҳузур доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |