Боздошти ду “сармоядори калони африқоӣ” дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду шаҳрванди Либерия хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба мақомоти милиса сокини 33-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки 19-уми сентябр дар кӯчаи Деҳи болои пойтахт ду шаҳрванди Либерия, худро тоҷирони калони ширкати хориҷӣ муаррифӣ намуда, аз ӯ 100 000 доллари амрикоӣ ва 10 000 евро гирифта, ғайб задаанд: “Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ шаҳрвандони Либерия, мардони 49 ва 52-сола боздошт гардиданд”.
Манбаъ афзуд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |