Бахшҳо

Намояндаи ҳукумат гуфт, бархе наҳзатиҳоро ҳукумат не, худашон худро террорист эълон кардаанд (ВИДЕО)

Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ки феълан дар Варшава ҷараён дорад, изҳор доштанд, ки бархе аз аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон худашон худро террорист эълон кардаанду дар хориҷ паноҳ бурдаанд.

Дар ҷаласаи САҲА, ки 21-уми июл баргузор шуд, дар посух ба иддаои бархе аз мухолифини тоҷик, ки гӯиё дар Ватан дигарандешон бо иттиҳоми терроризму экстремизм мавриди таъқиб қарор мегиранд, намояндаи ҳукумати Тоҷикистон гуфт: “Ин ҷо бархе одамоне ҳузур доранд, ки аз ҳуқуқҳояшон сӯиистифода мекунанд. Худашон худро террорист эълон кардаанду даъво доранд, ки ҳукумати Тоҷикистон онҳоро таъқиб мекунад. Масалан, ҷаноби Илҳомҷон Яъқубов дар феҳрасти мо нест”.

Илҳомҷон Яъқубов, ки дар гузашта роҳбарии ҲНИТ дар Суғдро ба уҳда дошт, дар посух ба ин иттилоъ гуфт, аксҳояш дар шаҳри Хуҷанд паҳн шудаанду ҳамчун террорист мавриди кофтукоб эълон шудааст.

Тибқи иттилои иштирокдорони ҳамоиши САҲА Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик низ дар ҷаласа бепоя будани таъқиби мухолифинро дар Тоҷикистон таъкид карда, дар мавриди ҲНИТ изҳор доштааст, ки ин ҳизб қасди табаддулоти давлатӣ кард. Зимни ин ҳамоиш Дидбони ҳуқуқи башар инчунин филми мустанаде пешниҳод кардааст, ки аз таъқиби мухолифин дар Ватану берун аз он қисса мекунад. Аммо мақомоти тоҷик ва намояндагони ҳукумат дар Варшава иддаои эътирозгаронро дар бораи таъқиб бо ангезаҳои сиёсӣ беасос хонданд.



Қаблан як гуруҳ ҷавонони тоҷик, ки худро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, 19-уми сентябр вориди толоре шуданд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ҷараён дошт. Дар доираи ин ҳамоиш эътирозгарон дар хитоб ба Зариф Ализода изҳор доштанд, ки ғурбаташон ихтиёрӣ несту хоҳони бозгашт ба Ватан мебошанд ва барои ин бояд риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таъмин бошад. Дар посух омбудсмени тоҷик изҳор дошт, ки сафараш ба Варшава ду ҳафта давом мекунад ва ваъда дод, ки тайи ин муддат бо эътирозгарон суҳбати муфассал хоҳад дошт.
Мӯҳр
п
Держитесь братья. Поени шаби сиех сафед аст.

Аҷиб аст, ки омбудсмен тарафи ҳукуматро мегирад. Мо медонем Зайд Саидовро чи гуна дастгир карда буданд. У ҳам "ман гуноҳ надорам" гӯён аз сафари хизматӣ аз Париж баргашт. Вале ҳануз то хонааш нарасида, дар фурудгоҳ "бардоштанаш". Ин сафсата аст, ки "бархе наҳзатиҳо худашон худашона террорист эълон кардаанд". Агар ҳамунҳо бовар карда, баргарданд, то хонаашон намерасанд.

Ба 1 цифра ахамият дихед: 19 сентябр! Ин "мусичахои бегунох", ки даъвои адолат доранд, махз дар хамин рузу хамин мох ба ЧТ хамла мекунанд. 19уми сентябри соли 2010 аъзоёни ХНИТ (Алии бедаки, Мулло Абдулло ва аъзоёнашон) 28 сарбози сарсупурдаи точикро вахшиёна ба катл расониданд!! 4-уми сентябри соли 2015 14 нафар корманди макомотро катл карда, табаддулоти давлати кардани буданд. 19-уми сентябри 2016 боз зидди Точикистон дар Варшава тазохуро карданд.. Боз инхо бегунох!!! Ё ман девонаам ё хамин мусичахо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)