Оқохони IV ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон” дар 2016-ро гирифт

Оқохони IV пешвои исмоилиёни ҷаҳон ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”-и Адриенна Кларксонро дар соли 2016 соҳиб шудааст.
Адриенна Кларксон, генерал губернатори пешини Канада, рӯзноманигор ва аз шахсиятҳои барҷаста мебошад, ки соли 1941 аз Ҷопон ба Канада муҳоҷир шудааст. Кларксон гуфтааст барои ин ҷоиза дунболи шахсияте будааст, ки ӯ намунаи як шаҳрванди хуб бошад ва барои беҳтар кардани зиндагии дигарон кӯшиш мекунад: “Мо дар вазъияте қарор дорем, ки шоҳиди ҳаракатҳо дар ҷаҳонем ва бояд ҳар ҷое, ки бошем вижагиҳои мардуми хубро бигирем”.
Ин шахсияти маъруфи Канада муҳоҷирати исмоилиён дар солҳои 70-уми асри гузашта аз Африқои шарқӣ ба Канадаро зикр карда, афзудааст: “Оқохон исмоилиёнро омӯзиш додааст, ки ҳар ҷое рафтед шаҳрванди ҳамон кишваред. Шумо на танҳо мутаалиқи гуруҳи худ ҳастед, балки худро дар як ҷомеаи нав пайдо мекунед”.
Ин фармондори кулли собиқи Канада аз ҷумла хадамоти Оқохонро дар умури маориф арзишманд унвон кардааст ва ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”-ро натиҷаи кори тамоми умри нафари дарёфткунанда гуфтааст. Оқохони IV барои дарёфти ин ҷоиза аз ҷониби Андриенна Кларксон ва Институти шаҳрвандии Канада интихоб шудааст.
Оқохони IV пас аз маросими эътои ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”, ки шоми чоршанбе дар Торонто дар назар аст, бо хонум Кларксон дар баробари анбуҳи одамон масоили ҷаҳониро мавриди баҳс қарор хоҳад дод. Ҷоизаи навбатаии “Шаҳрванди ҷаҳон” моҳи сентябри соли 2017 супорида хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |