IWPR барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ 500 доллар медиҳад

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон аз эълони як озмун барои журналистони тадқиқотгар хабар медиҳад.
Тавре аз ин намояндагӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, озмун дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон” бо ҳадафи “мусоидат ҷиҳати рушди жанри тадқиқоти журналистӣ ва баланд бардоштани сатҳи таъсирнокии инъикоси мушкилоти асосӣ ва мусоидат намудан барои ҳалли он” баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар озмуни мазкур хабарнигорони матбуот, радио ва расонаҳои онлайнии Тоҷикистон имкони иштирок доранд: “Матолибе дар ин озмун қабул мегарданд, ки аз 1-уми апрели соли 2015 то 31-уми октябри соли 2016 мунташир шуда бошанд. Забони матолиби озмун – тоҷикӣ ва русӣ. Дар ин озмун муаллиф ва ҳаммуаллифон метавонанд, то се матлаби тадқиқотӣ пешниҳод кунанд”.
Маросими эълони барандаҳои озмун ва супурдани ҷоизаҳо 10 декабри соли 2016, дар Рузи байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ҷоиза барои беҳтарин матлаби тадқиқоти журналистӣ 500 доллар муайян шудааст. Барои ҷойи дуввум $300 ва барои ҷойи саввум $200 тақдим мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |