Бонки марказии Русия: Интиқоли маблағ ба Тоҷикистон кам шуд
Бонки марказии Русия иттилоъ дод, ки тайи нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 598 миллион доллари амрикоӣ интиқол ёфтааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 98 миллион доллари амрикоӣ кам мебошад.
Тибқи иттилои ин ниҳод интиқоли пул дар семоҳаи дуюм ба Тоҷикистон нисбати семоҳаи аввал афзоиш ёфта, ба 495 миллион доллар баробар шудааст: “Маблағи миёнаи ҳар як интиқол 99 долларро ташкил додаааст”.
Бонки марказии Русия мегӯяд, пули аз ҳама бештар дар 6 моҳи соли равон ба Узбакистон интиқол ёфтааст, ки 952 миллион долларро ташкил медиҳад, аммо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 197 миллион доллар камтар мебошад. Дар нимсолаи гузашта ба Қирғизистон 637 миллион доллар интиқол ёфтааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 67 миллион бештар мебошад. Қазоқистон тайи шашмоҳа аз Русия 203 миллион доллар гирифтааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 55 миллион бештар аст. Пули аз ҳама кам ба Туркманистон-5 миллион доллар интиқол ёфтааст, ки нисбати нимсолаи аввали соли гузашта 3 миллион доллар камтар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |