Бахшҳо
21 сен 2016 10:33Тоҷикистон / Акс

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ҳафтаи гузашта, дар солрӯзи даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба қабристони Лучоб, ки чеҳраҳои барҷастаи фарҳангу адаб ва ҳунару сиёсати Тоҷикистон он ҷо мадфун мебошанд, рафтам. Ба катибаҳои сари қабри баъзе аз бузургон назар дӯхтам ва ин пиндор дар зеҳнам расид: форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон шудааст.

Ба дунбол ба қабристони ҳукуматии Тоҷикистони шӯравӣ, мавсум ба “Қабристони русҳо” дар назди ибодатгоҳи русҳо рафтам, то бубинам, ки дар катибаҳои мазори бузургони сиёсати Тоҷикистони шӯравӣ ҳам форсинавиштаҳо бошанд? Аммо он ҷо чунин манзараеро шоҳид нашудам. Ба ҳар сурат ҳар кадоме аз мо, ки ба ҳар қабристоне сар бизанем, ҳатман дар катибаҳои сари гӯрҳо навиштаҷоте ба форсӣ мебинем.

Расмулхати форсӣ, ки бо номи хати арабӣ, хати ниёгон, хати бобоӣ дар Тоҷикистон ёд мешавад ва бузургтарин сармояҳои фикрӣ, доштаҳои адабиву осори фалсафиву таърихӣ ва илмии ҷаҳоншумули гузаштагони мо бо он навишта шудаанд, аз замони ҳуҷуми арабҳо ба сарзамини мо то соли 1929 дабираи расмии мо буд. Бар асари сиёсати истеъморгаронаи болшевикҳо дар соли 1929 дабираи расмии тоҷикон лотинӣ ва баъдан дар соли 1941 пирилик шуд. Дар солҳои бозсозии поёни Шӯравӣ, замони талошҳо барои мақоми давлатии забон қисме аз бузургон талош карданд, ки ин хатро расмӣ кунанд, вале он замон ин кори номумкин буд. То кунун талошҳои бисёре барои расмӣ кардани ин дабира аз ҷониби рӯшанфикрони мушаххасе дар Тоҷикистон шудааст, вале ҳамагӣ бенатиҷа анҷом гирифтаанд. 10 сол пеш муаррихи варзида, раиси феълии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар дидори раисҷумҳур бо равшанфикрон ба таври расмӣ, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди гузаштан ба ин дабираро кард. Вале ин ҳама талошҳо то кунун дар сатҳи руъё боқӣ мондаанд ва имрӯз “форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон аст”.

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон

АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон
Мӯҳр
nabi farhor
Хатти араби бо нависти зебогияш дар чахон,дар чойи аввал меистад.Дар сари кабр бо хатти форси,русси,араби,хитои фаркаш чи,хат-хат хаст.То хол мо аз кунчковиамон намондаем.Бразилия яке аз давлатхои пешрафтаи чахон бо забони Португали харф мезананд.Аксарияти давлатхои Африкои бошанд бо забони Фаронсави гап мезананд ва хамчун забонхои давлатиашон интихоб кардаанд.Дар замони давлатдории Шурави то чи дарача халки точикро фиреб доданд,то хатто ёд дорем,калонсолон мегуфтанд,ки касе бо забони русси гап мезанад ( кофир ) аст.Анна акнун мо хело хам аз дигар давлатхо бо надонистани забонхои хоричи аз таракиёт,илм кафо мондем.Ташакур.

самад
аз кай боз хатти кирили, ки бо номи асосгузори он Кирилл тавьам аст пирилик шудааст. Яьне ин хатро Кирилл нею Пирил асос гузоштааст? Аммо баьд, гузаштан ба хатти форси огози бесаводии миллат хохад шуд. Ин аллакай исбот шудааст.

Хати Форси ин асосаш хати араби хаст ки барои точикон ягон вакт лозим намешавад чунки китобхои лозима барои точикон "Курон" ва "Сахехи Бухори алакай ба хати Кирили тоичики гаронида шудааст. Дар баробари ин бисёр китобхои дигаре низ ба хатиКирилии точики гардонда шудааст... Ба хати Форсии араби гузаштан ягон зарурат надорад ва тамоман гузаштан лозим нест.. Дар мактаби миёна моро 5 сол хати форси дарс додан амо дар ягончой лозим нашуддаст то холо. Хати Форсии араби ин хати душворе хаст ки арабхо ба сари мо бор карда буданд... Хати Форсии араби ин хати точики нест...

Хайфи амон вактхое ки ба омузиши хати Форсии араби гузаронидаам... Аз нолозим буданаш алакай фаромушаш кардаам... Озодагон кани чопкарда нишон те ки шумо Арабгаро нестед...

самад,
самад,
И синову , эмом бухориву дигар олимони мо бо хати араби форси навистан илмро кафо намондан , ту имруз ай кучо бромади бо меги Ин исбот шидасст

Маълум аст, ки омӯхтани хати кириллӣ ё русии тоҷикӣ нисбат ба хати арабиасос бамаротиб осон аст. Вале тавре имрӯзҳо мушоҳида мешавад дар навиштаҷоти кӯю кучаҳо ҳатто бо ҳамин хати осон ба хатоҳои беадад роҳ мондаанд. Дар бисёр ҳолатҳо овозҳои хоси тоҷикӣ - ҳ, қ, ғ, ӯ,ӣ- ро нодида мегиранд. Интавр бошад, биёед ин ҳарфҳоро аз алифбои тоҷикӣ тамоман бардорем. Мо медонем, кай "ҳ" хонда шавад ва кай "х". Дар забони англисӣ як ҳарф чанд хел хонда мешавад. Бо вуҷуди ин он забонт тамоми дунё шудааст, ғайр аз ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ.
Ба гумони банда тоҷикон хати арабиро дигарбора фақат дар хоб хоҳанд дид. Зеро фурсати таърихӣ -солҳои 90 асри гузашта - бебозгашт рафтааст. Дар натиҷаи фитнаи душманони миллат мо ин имконро аз даст додем.
Ба ҳар як иқдом иродаи миллат даркор аст. Миллати ноҷур ва сустирода бозичаи бегонагон хоҳад шуд. Замоне тоҷиконро ин фалокат пеш омада буд.

Калимаи "пириллик" шӯхиомез сохта шуда, маънои "порсӣ кириллӣ" ро дорад. Яъне "п-риллӣ".

Мо Аслан Форсхастем.ИНШАЛЛО Умедорам Рузе Фарзанди Баномуси Миллат Сари Қудрат Миёояд Бо Хати Бобоги Бармегардем.Хати Крили 1920 аз Руссхо Бамомонд.Мобояд бохати Бобогихудамон баргардем

Антиараб
Худованд ягон вакт ин фалокат (яъне ба хати форси-араби гузаштан)-ро ба сари мардуми Точик набиёрад. Ин хат огози фанатизм, бесаводизм мебошад. Нест бод маданияти араб!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)