Пешниҳод: Барои ба пой хестани “Мадонна”-и тоҷик ёрӣ диҳед
Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон пешниҳодӣ кумак ба Муҳаммад Холов, ҳаҷвнигори тоҷикро, ки замоне ҳамчун “Мадонна” маъруф буд, саривақтӣ хондаанд.
Шаҳноз Комилзода, як корбари Фейсбук ахиран аз хабарнигорон, продюсерон ва шоуменҳои тоҷик даъват кард, дар баргузории консерти Муҳаммад дар шаҳри Душанбе дасти ёрӣ дароз кунанд.
Муҳаммад Холов 11 сол қабл дар пайи як садамаи нақлиётӣ маъюб шуд ва ҳоло бо кумаки асобағал роҳ меравад. Шаҳноз менависад, табибон гуфтаанд, ки барои комилан сиҳат шудани ӯ бояд ҷарроҳӣ анҷом дода шавад. “Вай мехоҳад бо созмон додани барномаи ҳунарӣ барои ҷарроҳиаш пул ҷамъ биёрад. Сенарияи ин корсерт омода аст, вазири фарҳанг барояш толори ройгон ҷудо кардааст. Ҳоло барои корҳои ташкилӣ ва фурӯши чипта ба ёрӣ ниёз дорад. Ба кумаки одамони фаъол ва хуб умед дорам. Биёед, барои ба по хестани ӯ ёрӣ расонем”,-навиштааст хонум Комилзода.
Бештари шарҳнависон ваъда кардаанд, ки ҳатман ба Муҳаммад Холов кумак хоҳанд кард.
Акс аз саҳифаи фейсбуки Шаҳноз Комилзода
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |