Притчин: Э.Раҳмон барои муносиботи хуб бо элитаи нави Узбакистон иқдом кард
Станислав Притчин, корманди илмии Институти шарқшиносӣ ва коршиноси умури кишварҳои Осиёи Марказӣ, мегӯяд, миёни Тоҷикистон ва Узбакистон мухолифати бунёдӣ вуҷуд дорад.
Притчин дар суҳбат бо хабаргузории “Sputnik” гуфтааст ин ду кишвар ба ин мухолифатҳо аз зовияи гуногун нигоҳ мекунанд. Ӯ масъалаи аломатгузории марз ва сохтмони НОБ-и “Роғун”-ро ду мушкили аслӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон гуфтааст.
Дар баробари ин коршиноси рус таъкид кардааст, ки ахиран аз ду ҷониб иқдомҳо ба сӯи якдигар гирифта шуданд: “ Сафари Каримов ба нишасти Душанбе ва рафтани Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд фурсатҳои бисёр қобили таваҷҷуҳ мебошанд”.
Ӯ дар мавриди ба маросими дафни Ислом Каримов рафтани Эмомалӣ Раҳмон гуфааст: “Ин ба он маънӣ, ки новобаста аз муносиботи начандон хуб омода аст, ки бо элитаи нави Узбакистон муносибат барқарор кунад”.
Бо ин ҳама Притчин ба сиёсати нарми Шавкат Мирзиёев дар робита бо Тоҷикисон шак дорад: “Масъалаи дигар ин аст, ки раисҷумҳури эҳтимолии Узбакистон як нафари амалгаро ва сахтгир аст. Бартараф кардани ин танишҳову барқарор кардани муносиботи навро аз Мирзиёев набояд интизор шуд. Бо ин ҳол дар суханронии ӯ дар маҷлис ба ҳамсоякишварҳои Узбакистон ишораҳои мусбат шуда буданд. Вале, табиист, ки танишҳои бунёдӣ иҷоза намедиҳанд ки дар наздиктарин фурсат ҳама чиз ҳалли худро пайдо кунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |