Душанбе, 7 Апрел 2025
Пайдо шудани ҷасади Рамазони 15-сола, ки 7 рӯз пеш бедарак шуда буд
Кормандони Кумтаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади Рамазон Маҳмадназаров, сокини 15-солаи шаҳри Душанберо аз канали Варзоб пайдо кардаанд.
Сайлӣ Маҳмадназарова, модари Рамазон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҷасади писарашро баъд аз зуҳри имрӯз, 20 сентябр ба хок супорданд.
Ба гуфтаи хонум Маҳмадназарова, писараш 13 сентябр аз хона баромада, бедарак шуда буд: “Писарам забони гӯё надошт. Ҷасади ӯро баъд аз 7 рӯз ёфтанд”.
Қаблан Сайлӣ Маҳмадназароваи 50-сола аз раисиҷумҳур афви писари дигарашро аз зиндон хоста буд. Ӯ дар як муроҷиат тавассути “Озодагон” гуфт, писараш Ҷӯрабек Мирзоғоибов бо ҷурми даъвати ҷавонон ба Сурия 7 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ҳоле ки ба иддаои вай, Ҷӯрабек умуман саводи динӣ надорад: “Бисмиллохи худро намедонист. Тасаввуроти илми исломӣ надошт. Гимназияи 74-ро хатм кардааст, ки онҷо ҳама масеҳӣ буданд”.
Вай гуфт, писараш ягона таъминкунандаи рӯзгори хонаводаашон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |