Ҷаҳиши $-у дастури мақомот: 1 дақиқаи тамос ба Русия 1 сомонӣ шуд
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон карданд, ки дар асоси дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1-уми октябр нархи зангҳои телефонӣ ба Русия беш аз 30 дарсад боло хоҳад рафт.
Тавре аз "ТСЕЛЛ", “Мегафон” ва "Билайн" ширкатҳои калонтарини мобилии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо назардошти қурби доллар нархи зангҳои телефонӣ ба Русия бозбинӣ шуда, аз 1-уми октябри соли равон арзиши як дақиқаи тамос ба ин кишвар баробари 1 сомонӣ хоҳад шуд. Феълан нархи як дақиқаи тамос бо Русия камтар аз 70 дирамро ташкил медиҳад.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ соли 2012 ширкатҳои русии Мегафон ва Билайнро барои нархҳои аз ҳад арзони тамос бо Русия ҷарима баста, қарор карда буд, ки дақиқаи тамос бо Русия на камтар аз 10 сент нархгузорӣ шавад. Ин қарори Хадамот ва болоравии қурби доллар далел барои бозбинӣ ва болоравии нархи тамос бо Русия шудаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |