Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, ин бор қароргоҳи дипломатии амрикоӣ дар ҳамҷоягӣ бо «Барномаи мактабҳои шарик барои Рӯҳи Амрико» ба мактаби зерин ба маблағи 13 ҳазор доллар панелҳои офтобӣ, лавозимоти тиббӣ ва ба хонандагонаш либоси зимистона тақдим карданд.
Манбаъ афзуд, дар ин баробар, миёни толибилмони ҳамин мактаб ва таълимгоҳи Пасификаи Санта- Моникаи Калифорния сӯҳбати онлайн ташкил гардид. Гуфта мешавад, «Рӯҳи Амрико» ташкилоти ғайридавлатии донориест, ки ба қисмҳои низомии ИМА, ки ба расонидани кӯмаки башардӯстона дар Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳои эҳтиёҷманд кор мекунанд, ёрии оҷилӣ мерасонад.
Гуфтанист, шурӯъ аз соли 1993 то инҷониб мардуми Амрико барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон беш аз 984 миллион доллар ихтисос додаанд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |