Ифтитоҳи парванда ва таҳдиди то 10 соли зиндон ба писари Д.Саид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи садамаи маргбор бо иштироки Фаромӯзи Саид, писари 23-солаи Давлаталӣ Саид, муовини якуми нахуствазири Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 20-уми сентябр дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Ввайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) ифтитоҳ шудааст. Манбаъ афзуд, тафтиши парванда аз сӯи Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад.
Моддаи 212, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст, чунин ҷазо пешбинӣ кардааст: “Маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъоляти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад”.
Қаблан Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки сонеҳаи маргбор бо иштироки Фаромузи Саид шаби 10-уми сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузошт: “Дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромузи Саид бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад. Чунин ҳодисаҳо ҳамарӯза даҳҳо адад ба қайд гирифта мешавад ва ҳамаи онҳо таҳқиқ мегарданд”.
Гуфта мешавад, Фаромӯзи Саид сари фармони “Тойота кемрӣ” дар роҳи бозгашт аз маркази дилхушӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо мошини хадамоти коммуналӣ бархӯрдааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ин тасодуф мунсифона сурат хоҳад гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |