Тартиби ташхиси навхонадорон: Аз арӯсшавандаҳои ҳомила то муҳоҷирон

Ҳукумати Тоҷикистон тартиби ташхиси навхонадоронро тасдиқ кардааст, ки бар асоси он муассисаи тиббӣ муваззаф аст, давоми 14 рӯз баъди муроҷиати шаҳрвандон ташхисро анҷом диҳад.
Тибқи қарори ҳукумат мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муваззаф шудаанд, танҳо дар сурати пешниҳоди хулосаи тиббӣ аз арӯсу домодшаванда аризаро барои сабти никоҳ қабул намоянд. Ҳукумат муқаррар кардааст, ки ташхиси ҳатмии тиббӣ ройгон дар муассисаи тиббии маҳалли зист анҷом дода мешавад. Афроде, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд, бояд хулосаи муассисаи тиббии маҳалли иқоматашонро ба хадамоти консулӣ пешниҳод намоянду никоҳашонро ба қайд бигиранд.
Ҳукумат инчунин муқаррар кардааст, ки арӯсшавандаҳои ҳомила, ки нияти издивоҷ доранд, бояд давоми 7 рӯз баъд аз муроҷиат ба муассисаи тиббӣ аз ташхиси тиббӣ гузаронда шаванд.
Ҳадафи ташхис, ки ройгон гузаронда мешавад, таъмини ҳаёти солим ва ҷилавгирӣ аз таваллуди фарзандони маъюбу бемор арзёбӣ шудааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ҳар сол то 30 декабр аз иҷрои тартиботи тасдиқшуда ба ҳукумат гузориш диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |