Шанбе, 5 Апрел 2025
Ташкили ҷашни 20-солагии Ваҳдатро худи Президент роҳбарӣ мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарии Кумитаи тадорукот барои ташкили ҷашни 20-солагии Ваҳдатро ба уҳда хоҳад дошт.
Тибқи қарори ҷадиди ҳукумати Тоҷикистон 20-солагии Ваҳдат соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат гузаронда хоҳад шуд. Кумитаи тадорукот муваззаф шудааст, ки тайи 2 моҳ нақшаи ҷашни 20-солагии Ваҳдатро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кунад: “Ба ҳайати Кумитаи тадорукот Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазир, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президент оид ба робита бо ҷомеа ва вазирони дигари ҳукумат ворид шудаанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ҳукуматҳои вилоятӣ ва ноҳиявиро муваззаф намудааст, ки давоми як моҳ ба Кумитаи тадорукот пешниҳодҳо барои таҳияи барномаи таҷлили 20-солагии Ваҳдатро ироа кунанд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва марҳум Сайид Абдуллои Нурӣ, раҳбари вақти мухолифин имзо гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |