Падари Диловар: Писарам баъди даъвати мақомот ба Сурия рафт...
Як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон иддао дорад, писараш баъди даъвати мақомот ба ДИИШ пайваст.
Сайдамир Шарипов мегӯяд, бо дархости мақомот писари 22-солааш Диловар Шариповро аз Русия даъват намуд ва баъди суҳбат бо намояндаҳои мақомот дубора ба Русия баргашт ва баъдан хабари пайвастанаш ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” расид.
Ба гуфтаи Шарипов, писараш баъди хатми мактаби №7-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар соли 2012 ба Русия рафта, дар яке аз донишгоҳҳои Маскав донишҷӯ шуд: “Моҳи июли соли 2015 кормандони мақомот чанд маротиба ба манзили мо омада, гуфтанд, ки Диловар гӯиё Сурия рафтааст. Ман, ки қариб ҳар рӯз телефонӣ бо писарам суҳбат мекардам, гуфтам, ӯ дар Русия ҳаст. Ҳатто дар шоҳидии онҳо ба писарам занг мезадам”.
Падари Диловар мегӯяд, аммо кормандони мақомот исрор кардаанд, то писарашро ба Ватан даъват кунад, то бевосиба бо вай суҳбат кунанд: “Ҳамин тавр аз писарам хоҳиш намудам, ки ба Ватан баргардад, агар пули чипта надошта бошад қарз бигирад. Диловар баъди исрору хоҳишҳои ман ба Ватан баргашт. Худам ӯро аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба шаҳри Душанбе бурдам. Аз соати 6:00-и рӯзи дигараш то соати 17:00 ӯро бозпурсӣ намуда, ҷавоб доданд”.
Ин сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ афзуд, баъди аз он ҷо баромадан, пурсидааст, ки бо гуруҳҳои бегона алоқамандие дорад ё на: “Диловар гуфт, ки онҳо аз ман талаб доранд, дар назди камера гӯям, ки Сурия рафта, омадам, то ба дигарон дарс шавад, ки ба чунин роҳҳо нараванд. Лекин ман ин коро ба гардан нагирифтам”.
Ба гуфтаи Сайдамир Шарипов, баъди ин мулоқот Диловар гуфтааст, ки ду имтиҳони дигараш мондааст ва бояд ба донишгоҳ баргардад. Вай гуфт, писараш то он вақт бо шиносномаи тоҷикӣ дар Русия ҳузур дошт ва чанд маротиба хоҳиш намуда буд, шиносномаи хориҷӣ бигиранд, “аммо ман мегуфтам, ҳамагӣ як соли дигари таҳсилат мондааст, шарт нест, шиносномаи нав гирифтан”. Мо давоми як ҳафта барояш шиносномаи хориҷӣ гирифтем ва дубора баргашт: “Занг зада гуфт, ки сиҳату саломат расида, аз пайи имтиҳонҳояш ҳаст. Аммо аз мақомот дубора хабар расид, ки Диловар ин даъфа дар ҳақиқат Сурия рафтааст. Ҳоло фикр мекунам, ки барои рафтани писари ман мақомот гунаҳгор аст, агар ман ӯро бозпас намехондам як соли таҳсилаш монда буд ва бо ҳамон шиносномаи тоҷикиаш тамом карда, ба Ватан бармегашт. Вақте омад ин ҷо, шиносномаи хориҷӣ карда рафт, барои пайвастанаш як роҳи дигар гузоштанд. Ман дигар аз сӯзиш чӣ фикр карданамро намедонам, охир ман падарам”.
Сайдамир мегӯяд, се писар дорад ва ҳамеша талош кардааст, ки ҳадди ақал як фарзандаш на бо каланд, балки бо дониш нонашро ёбад ва фарди зарурие барои ҷомеъа шавад. Сироҷиддин Шарипов, бародари Диловар мегӯяд, дар Русия мардикорӣ мекард ва хароҷоти ӯро давоми се соли таҳсилаш таъмин менамуд: “Дар як моҳ як маротиба рафта хабараш мегирифтам. Хароҷоти охирин сафарашро ба Тоҷикистон ҳам ман пардохт кардам. Талошҳоям ин буд, ки бародарам хонда мутахассис шавад, аммо баъди ин хабарҳо ба худ наомадаам”.
Ба қавли Сироҷиддин, бародараш моҳи июли соли 2015 аз Сурия занг зада гуфтааст, “дидор то қиёмат” ва телефонро хомӯш кардааст. Дигар касе аз наздикони Диловар аз ҳоли ӯ хабар надоранд: “Ман ягон маротиба дар суҳбатҳову амалаш чизи ғайримуқаррариеро ҳис накарда будам, то шубҳае пайдо шавад. Ҳар моҳ ба ӯ 20 ҳазор рубли русӣ мефиристодам, то ба пул эҳтиёҷ пайдо накунад. Шароити молиаш хуб буд. Сабаб ё ҳадафи бародарамро аз пайвастан ба ДИИШ ҳанӯз намедонам”. Талошҳои "Озодагон" барои суҳбат бо мақомот дар ин мавзӯъ то ин лаҳза бенатиҷа буд ва дар сурати дастрас шудани иттилоъ пешниҳоди хонанда мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |