Ёди Раҳимзода аз қурбониён дар 6-солагии ҳамлаи хунини Камароб (АКС)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар 6-умин солгарди ҳамлаи хунини дараи Камароб аз ноҳия Рашт боздид карда, бо кормандони мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллии минтақа мулоқот намудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода дар ин мулоқот аз низомиёну кормандони ҳифзи ҳуқуқ зикр намудааст, ки дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва унсурҳои ҷиноятпеша ҷони худро аз даст додаанд. Вазири умури дохилӣ дар хитоб ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи Рашт таъкид намудааст, ки “Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хизматҳои шабонарӯзӣ ва сангини шуморо ҳамеша қадр менамояд ва барои беҳтар гардонидани шароити хизматӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои судманд андешида мешаванд”.
Раҳимзода маъмурини милисаю амният дар минтақа ва ноҳияи Раштро барои пурзӯр намудани мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои мусаллахонаи давлатҳои хориҷӣ муваззаф намудааст: “Кормандони милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо шаҳрвандон муоширати хуб дошта бошанд. Фаъолият дар самти бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати муайян намудани шаҳрвандоне, ки дар баъзе давлатҳои хориҷӣ дар муноқишаҳои мусаллаҳона иштирок доранд, пурзӯр карда шавад”.
Сафари вазири умури дохилӣ ба минтақаи Рашт ва ёди қурбониён дар ҳолест, ки имрӯз, 19-уми сентябр аз ҳодисаҳои хунини дараи Камароб 6 соли расо сипарӣ гардид. 19-уми сентябри соли 2010 низомиёни Тоҷикистон дар роҳ ба Рашт дар дараи Камароб мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки дар пайи он бар асоси иттилои расмӣ 25 нафар ва бар асоси иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди 40 нафар кушта шудаанд. Дар пайи ин фоҷеа амалиёти густурда дар минтақа оғоз гардид, ки куштаҳои бештарро барҷой гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |