Бахшҳо
17 сен 2016 11:38Тоҷикистон / Акс

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар бораи Шакурӣ: Форсизабонон устоди доно ва дилсӯзро аз даст доданд (АКС)

Дар чорумин солрӯзи даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ёдбуди ӯ баргузор шуд.

Ин маросим бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсии тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар оромгоҳи Лучоб сурат пазируфт. Доктор Мирзо Мулоаҳмад, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон аз нақш ва ҷойгоҳи Шакурӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳамчунин аз хадамоти арзишманди ӯ дар ҳавзаи фарҳангии форсзабонон ёдовар шуд. Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ,сафири Эрон дар Тоҷикистон бо баёни байти
“Тоҷикистон чу осмон бошад,
Моҳи ин осмон Шакурии мост”,
иброз дошт, устод Шакурӣ ба унвони на фақат моҳи осмони Тоҷикистон, балки яке аз ситорагони пурфурӯғи Эрони фарҳангист. Ба гуфтаи ӯ, ин бузургмард умри гаронқадрашро масруфи навиштани 40 китоб ва қариб 500 мақолаи пажуҳишӣ кард ва соҳиби яке аз беҳтарин фарҳангҳои луғати забони форсӣ аст, ки дар Эрон низ ба хатти форсӣ баргардонда шудааст: “Ӯ фарди номошное дар Эрон аст ва ба поси хадамоти фарҳангиаш ба ҷаҳон ба узвияти пайвастаи фарҳангистони забон ва адаби форсӣ даромада, дар соли 2005 унвон ва ҷоизаи чеҳраҳои мондагори Эронро дарёфт намуд”.

Дар ин маросими ёдбуд инчунин Шодимуҳаммад Сӯфизода, раис Китобхонаи илмии Академияи улум, профессор Ҳоким Қаландар, муовини раиси Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон, Ҳасан Қарибӣ, раиси пажуҳишгоҳ, профессор Равшан Раҳмонӣ ва дотсент Муртазо Зайниддинов, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи мақоми илмӣ, фарҳангӣ ва нақши академик Шакурӣ дар Тоҷикистони имрӯз сухан гуфтанд.

Паёми доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва Бунёди байналмилалии Саъдӣ қирота шуд, ки дар он гуфта мешуд: “Чаҳорумин солрӯзи даргузашти устоди муҳтарам Муҳаммадҷон Шакурӣ фурсате ба даст медиҳад, то ёди ӯро гиромӣ бидорем. Бо даргузашти устод Шакурӣ натанҳо Тоҷикистон донишманди бузургро аз даст дод, балки ҳама форсизабонон устоди доно ва дилсӯзро аз даст доданд”.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ 16 сентябри соли 2012 дар синни 87-солагӣ даргузашт. Ӯ тӯли шаст соли кораш дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навиштааст. Устод муаллифи 44 китоб ва бештар аз 500 мақола буда, бештари дастхатҳои ӯ дар Интернет бо забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ ҷой дода шудааст.

Мӯҳр
Шарифмурод
Устод Шакури пуле миёни фарханги гузашта ва имрузаи мо буданд!
Худованд бихишти аднро маъвояшон гардонад!

...Ruhaton shodu ochirataton obod bod!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)