Ронандаи зӯру “баднафс”-и дигаре дар хатсайри 28: Гурехтагӣ “р...х” будай...
Мусофирони хатсайри 28-и шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки дар рӯзҳои иди гузашта, бархе аз ронандаҳои ин хатсайр то нимароҳ низ 2 сомонӣ роҳкиро талаб мекарданд.
Раҳматулло Одинаев, сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар арафаи Иди Қурбон қариб ҳамаи ронандаҳои хатсайри 28 то ними роҳ ду сомонӣ талаб мекарданд: “10 сентябр дар бозори Корвон аксари мусофиркашҳои хатсайри №28 ба ҷойи 80 дирам то бинои Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ 2 сомонӣ талаб менамуданд. Кондукторҳо вақти даъвати мусофирон огоҳ мекарданд, ки то ГАИ ду сомонӣ ва мусофироне, ки норозӣ буданд, кондукторҳо таъкид мекарданд, то савор нашаванд”.
Одинаев афзуд, мо савори мошине шудем, ки кондуктораш арзиши роҳкиро эълон намекард: “Бинобар ин бо дӯстам дар ин микроавтобус, ки рақами қайди давлатиаш 04-43 тт 05 буд, савор шудем. Хостем ба маҳаллаи “Политехникум” равем, вале кондуктор то истгоҳи РБДА 2 сомонӣ талаб кард. Ҷанҷолу хархаша дар дохили старекс шурӯъ шуд. Кор ба ҷойе расид, ки кондуктор ба ронанда амр кард, ки нақлиётро нигаҳ дорад, то мусофирони «саркаш»ро фароранд. Чанд мусофири норозиро аз мошин фаровард. Ман ишора кардам, ки қазияи ҷазои як ронанда ва раиси ҷамъият бароятон дарси ибрат нашуд? Ронандаро ҷарима карданду кондуктор гурехт. Ронанда дар ҷавоб гуфт, он ронандаю кондукторе, ки ҷарима шуданд, ё гурехтаанд «р..х будай» ва исрор мекард, мусофирон ду сомонӣ пардохт намоянд”.
Одинаев мегӯяд, дар пайи ин қазия ба рақамҳои боварие, ки дар дохили мусофиркаш насб шуда буд, занг зад: “Баъди чанд соат масъули ҷамъияти «Нақлиёт» ва худи ронанда ҳам занг зада, хоҳиш карданд, ки ба идораи дахлдор занг назанем ва ин мавзӯъро расонаӣ нанамоем. Вале мо розӣ нашудем”.
Одинаев гуфт, шаҳрвандон бояд ҳақталошӣ кунанд, то ронандаҳо густохона ҳақашонро нақз накунанд: “Қарори шаҳрдориро поймол менамоянд, аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанду бар замми ин, дар старексҳо ҳам пулчинак мегиранд, ки ҷанҷолро ин нафарон мехезонанд”.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи чунин як қонуншикании ронандаи хатсайри 28 ахиран Бародмат Муродов, раиси ҷамъияти “Нақлиёт” дар суҳбат бо “Озодагон” ваъда дод, ки назорати тартиботро дар ин хатсайр пурзӯр мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |