Вазифаи нави духтари президент дар парлумон
Дарига Назарбоева, духтари бузурги Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон раҳбари Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Сенат, палатаи болоии парлумон таъин шудааст.
Дарига чанд рӯз қабл бо фармони падараш узви сенат шуда буд ва имрӯз, 16 сентябр бори аввал ба ҳайси узв дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон иштирок ва раҳбари кумита шудааст. Икром Адирбеков, раиси пешини Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Сенат акнун ҳамчун узви қаторӣ фаъолият мекунад.
Моҳи сентябри соли 2015 Нурсултон Назарбоев, Даригаро муовини нахуствазир таъин карда буд. Дарига Назарбоева то ин замон ноиби раиси маҷилис (палатаи поёнӣ)-и парлумони Қазоқистон буда, раҳбарии ҷиноҳи ҳизби ҳокими “Нур Отан”-ро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |