Исми ду рақиби Мирзиёев барои ишғоли курсии президенти Узбакистон маълум шуд
Ҳизби сосиал-демократии Узбакистон – “Адолат” эълон кард, номзадии Наримон Умаров, раиси ин ташкилоти сиёсиро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад. Бино ба иттилои расонаҳои узбакӣ, ин тасмим имрӯз, 17 сентябр дар ҷаласаи VI-уми Шӯрои сиёсии “Адолат” гирифта шудааст.
Аз ин пештар Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, Ҳизби Эҳёи миллӣ номзадии Сарвар Отамуродовро барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. Эҳёи миллӣ як ҳизби ҳукуматгаро буда, шомили парлумони Узбакистон аст.
Ба ҷуз аз Отамуродов Шавкат Мирзиёев, раҳбари муваққатии Узбакистон низ муддаии курсии президентӣ мебошад. Номзадии ӯро Ҳизби ҳокими либерал-демократ пешниҳод кардааст.
Мирзиёев, ки то замони марги Ислом Каримов курсии нахуствазириро дар ихтиёр дошт, 8 сентябр дар пайи ҷаласаи парлумони Узбакистон раҳбари муваққатӣ интихоб гардид.
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон 4 декабр баргузор мешавад. Қаблан, Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси комиссияи интихобот гуфта буд, пешбарии номзадҳо то 20 октябр идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |