Бахшҳо

Супориши ҳукумат: 26 узви тасодуфии Иттифоқи нависандагон хориҷ шуданд

Дар доираи дастури ҳукумати Тоҷикистон раёсати Иттифоқи нависандагон рӯзи 15-уми сентябр 26 нафарро аз узвияти ин иттиҳод хориҷ кардааст.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин иқдом дар доираи дастури ҳукумат барои омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагон амалӣ шудааст: “Ин иқдом ба хотири иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №5, аз 8-уми апрели соли 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ амалӣ гашта, натиҷаи кори комиссияест, ки ба ин мақсад ташкил шудааст”.

Ба иттилои манбаъ комиссия осори адибонеро, ки солҳои 2014-2015 бидуни омӯзиши ҷиддии маҳсули эҷодашон ба таври дастаҷамъӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд, омӯхта, хулосаҳои худро ба раёсати ИНТ пешниҳод кард: “Дар натиҷаи овоздиҳии якдилона 26 нафар аз узвияти ИНТ хориҷ гардиданд”.

Ато Мирхоҷа таъкид намуд, ки меъёр барои муайян намудани аъзои тасодуфии Иттифоқи нависандагон ҳунари шоирию нависандагии онҳо мебошад: “Аъзои тасодуфӣ ба далели мувофиқ набудани сатҳи касбияшон аз узвияти ИНТ хориҷ карда шуданд".

Мусоҳиби "Озодагон" афзуд, феълан Иттифоқи нависандагон ҳудуди 460 узвро дар бар мегирад ва кори комиссияи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ давом дорад.

Дар қатори хориҷшудагон аз ҷумла Абдуҳалим Самадзода (Самадов Абдуҳалим Каримович), Усмони Сабз (Сабзов Усмон Раҳмонович), Самариддин (Яқубов Самариддин Эмомович, Наргис (Эшонҷонова Қурбоной Давлатовна), Ҷумъаи Махшул, Зикруллои Файзулло, Мирзоҳайдар Умарзод, Сумангул Бобоева, Наврӯзи Гулзода, Кулолӣ (Ҳаитбой Лоиқов), Эгамназари Соҳибназар, Субҳон Ёдгорӣ, Ваҳҳоб Набиев, Саидҷалоли Саид, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Муфаззали Аҷамрод, Файзулло Эшонҷон, Ширин Абдулло, Анвари Ҳусейн, Абдуқаҳҳори Қосим, Ҳазрати Ғайрат, Гулназар Хизмат, Гулназари Хатлонӣ (Бӯрӣ Гулназаров), Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ (Давлатов Абдураҳим Муталович), Маликаи Аваз (Авазова Малика Ҷондоровна), Нуралӣ Валӣ ва Дӯстмурод Ӯроқов ном бурда мешаванд.


Мӯҳр
Ҳамин аъзо магар бо тавсияи шоиру нависандахои машҳуру маъруф ба узвият пазируфта нашуданд?Пас ё ҳарфи ИН ғалат аст ё тавсияҳои он аъзои маъруфу машҳур.Сониян,ҳамин аъзои воқеии ИН киҳо ҳастанд?Кадом шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамин Низом Қосим як шеър медонад?Агар аз ёд донад ман номамро дигар мекунам.

Хулосае, ки хайати Комиссия, дар кадом макомоте набошад, медихад, одилона хохад буд. Карори комиссияи мазкур низ одилона!

Хисор
Бечораи Усмони Сабз шояд инфаг шавад.

ерач
3% монаду дигархоро чавоб дихед. Рухи бузургони классики хеле шод мешавад.

шабгард
Хамин Низом Косим чи навистаст ман намедонм касе хам намедона ира аз иттифок пок погиза чавоб тиян.Хокимчон,

Бедил
Кризис ба шоирону нависандагони дарборӣ ҳам часпид

Рахим
Ба хамин нафароне, ки аз ИН хория кардаанд аъзоёни раёсат овоз додаанд, ки дар катори хамонхо худи хамин Низом Косим ва Ато Мирхоча низ буданд. Аз чи сабаб бошад, ки он вакт овоз баланд накарданд. Имруз ки дар курсихо нишастанд худро шоху дигаронро гадо диданд. Хамин Ато Мирхоча худаш чи хизмате дар адабиети точик кардааст, ё Низом Косимаш?. Ин чо факат гарази шахсиро мебинам.

Оë мутассадиëне, ки ин " хориҷшудагон "- ро ба узвияти ИНТ қабул карда буданд, маҳкум мушаванд, ë боз бозӣ ба ранги дигар давом меëбад?

Ховари Пулод
Тавба,гардам аз бозхоят Худо!))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)