5 шабонарӯз ҳабси ронандаҳое, ки шабона “пойга” мекардаанд (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти чор нафар бо иттиҳоми ташкили пойгаи нақлиётӣ дар роҳҳои Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршудаҳо Бахтиёр Раҳимов (соли тавллудаш 1989), Бахтиёрҷон Ҷабборов (соли таваллудаш 1987), Алишер Камолов (1988) ва Одил Зокиров (1985) шаби 13 сентябри соли равон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе, воқеъ дар назди Наврӯзгоҳ мусобиқа-пойгаи нақлиётӣ ташкил ва қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намудаанд: “Аз ҷумла, сабқати нодуруст, суръати ниҳоят баланд, итоат накардан ба аломатҳои роҳ аз ҷониби онҳо содир гардид, ки ин кирдори онҳо ҳар лахза метавонист ба садамаи нохуши нақлиётӣ боис гардад”.
ВКД мегӯяд, яке аз онҳо сокини шаҳри Душанбе ва се тани дигар сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, кормандони БДА баъди боздошт протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол кардаанд: “Суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин кард. Айни замон онҳо ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, воситаҳои нақлиёташон бошад, дар ҷаримагоҳи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе қарор доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |