Гулгашт барои духтароне, ки дар Маскав ба ҳалокат расиданд
Албек Ибраимов, шаҳрдори Бишкек аз ташаббуси сокинон барои сохтани гулгашт ба хотири духтароне, ки дар сӯхтори чопхонаи Маскав ҳалок шуданд, пуштибонӣ кардааст.
Ин гулгашт дар чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Бакаев сохта мешавад. Раиси шаҳр ба масъулин дастур додааст, барои бунёди гулгашт ёрӣ расонанд.
Пешниҳоди таъсиси гулгашт ба хотири қирғиздухтарони ҳалокшуда дар шабакаи иҷтимоии Facebook садо дод. Ба иттилои шаҳрдории Бишкек, “ин пешниҳодро ҳазорон корбари шабакаи иҷтимоӣ ҷонибдорӣ кардааст. Ҳудуди 560 нафар зери муроҷиатномае, ки ба раиси шаҳр фиристода шудааст, имзо гузоштаанд”.
27 август дар пайи сӯхтори як анбори чопхонае дар Маскав 17 шаҳрванди Қирғизистон, ки ҳамагӣ занону духтарон буданд, ба ҳалокат расиданд. Бо фармони президенти Қирғизистон 29 август дар он кишвар Рӯзи мотам эълон шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |