Сайф Сафар
Огоҳон ва таҳлилгарони Тоҷикистон ба такрор Ислом Каримовро ҳамчун як диктатор мухотаб қарор медоданд ва мунтазири “фардои бе Каримов” мемонданд.
Сактаи мағзии Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон зимомдории 26-солаи ӯро поён дод. Каримов бо сиёсати сахту саркӯбгароёна худашро дар чашми ҷаҳониён, ба хусус мудофеони демократия як диктатор ба намоиш гузошт. Тӯли замони ҳукмронии Ислом Каримов муносиботи Тоҷикистону Узбакистон кӯчактарин тамоюле барои беҳбудӣ надоштанд. Гирифта аз ҷорӣ кардани низоми раводид, қатъ кардани парвози тайёраҳо миёни Душанбеву Тошканд то содир шудани байёниҳо алайҳи бунёди НБО-и “Роғун” аз амалкардҳое буданд, ки замони ҳукмронии Ислом Каримов рӯи даст гирифта шуданд. Аз ин рӯ огоҳон ва таҳлилгарони Тоҷикистон ба такрор Ислом Каримовро ҳамчун як диктатор мухотаб қарор медоданд ва мунтазири “фардои бе Каримов” мемонданд.
Рафтани Каримов аз саҳнаи сиёсӣ он бовареро, ки агар як давлат на бо такя бар ниҳодҳои машваратӣ ва шохаҳои давлатдорӣ, балки рӯи шонаҳои як нафар бунёд шавад ва пас аз рафтани ӯ дучори ҳарҷумарҷ мешавад, камранг кард. Узбакистон суботи сиёсиашро нигоҳ дошт ва “фардои бе Каримов” ҳам аз роҳ расид, аммо чӣ фардое? Мардум ва яқинан ҳукумати Тоҷикистон мунтазири нафари мутафовит буданд, ки ба тағйири решаии фазои сиёсӣ дар Узбакистон хосатан дар робита ба муносибати ҳасана бо Тоҷикистон моил бошад. Бар хилофи ин чашмдошт таҳавулоти ҳаводисе, ки дар ин кишвар шоҳидаш ҳастем он “фардо”-ро норӯшан нишон медиҳад ё метавон гуфт агар таҳавулот ҳамин аст ба қавли Ҳофиз “вой агар аз паси ин рӯз бувад фардое”.
“Фардо”-е, ки хелеҳо интизориашро мекашиданд бо пушти по задани ҳокимияти қонун ва лагадмол кардани Қонуни Асосӣ шурӯъ шуд. Қонуни Асосии Узбакистон бо сароҳат мегӯяд, ки пас аз даргузашти раисҷумҳури вақти ин кишвар раиси Сенои (палатаи болоии парлумон) ба муддати 3 моҳ муваққатан раёсатҷумҳуриро ба уҳда мегирад. Неъматулло Юлдошев, раиси Сенои ин кишвар номзадии худро бозпас гирифтааст ва парлумон бо тамоми оро аз номзадии Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ҳимоят кардааст. Албатта, низоми ғайридемократии 26 солаи Ислом Каримов бо ба вуҷуд овардани як фазои хафақон посухгӯии ҳукумат дар баробари мардум ва ҳақталошии худи мардумро аз онҳо гирифта буд. Вагарна чи басо як фазои муносиб аст, ки мардум барои тадовум пайдо накардани беқонунӣ садо баланд кунад. Ба идомаи низоми худкома на бигӯяд. Шавкат Мирзиёев, ки барои ҳамвор кардани роҳи сиёсиаш асли қонуни асосӣ риоят нашуд, чаро шумориши оро ба нафъи худаш анҷом нашавад?
Тамоми коршиносони минтақавӣ ва умури Осиёи Миёна низ сари Мирзиёев ҳисоб мекунанд ва ба эҳтимоли хеле қавӣ ӯро раисҷумҳури ояндаи Узбакистон медонанд. Рафтани Владимир Путин барои адои эҳтиром ба марҳум Ислом Каримов ва суҳбат бо Мирзиёев ин ҳадсро барҷаста кард.
Шавкат Мирзиёев кист?
Мирзиёев, ки акнун раисҷумҳури муввақати Узбакистон аст, фориғутаҳсили риштаи кишоварзӣ буда, дар гузашта аз нафарони наздик ба Ислом Каримов будааст. Таҷрибаи кор дар котиботи комсомолии донишгоҳ ӯро ба вазифаи муовини раиси донишгоҳ расондааст. Пас аз ин бо шурӯи солҳои 90-ум намояндаи мардум дар порлумон мешавад ва баъдаш ҳам ба раисии ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд мерасад. Соли 1996 бо фармони Ислом Каримов ҳокими зодгоҳи худ вилояти Ҷиззах таъйин мешавад ва соли 1999 дубора намояндаи мардуми ин вилоят дар парлумон баргузида мешавад. Шавкат Мирзиёев соли 2001 ҳокими вилояти Самарқанд таъйин мешавад. Аз 12-уми декабри соли 2003 ба ҳайси нахуствазири Узбакистон ифои вазифа кардааст.
Барои Тоҷикистон муҳимтарин таҳавулот дар Узбакистон ин аст, ки дар суртаи интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба ҳайси раисҷумҳури ин кишвар ӯ чӣ гуна сиёсатеро дар пеш мегирад. Ин раисҷумҳурии эҳтимолӣ дар суханрониҳояш гапҳое гуфтааст, ки нишонаи по ба пои Каримов гузоштани ӯро равшан мекунанд. Ӯ фарзан гуфтааст: “Мавқеи кишвари мо ин аст, ки мисли ҳамеша ба ҳеч блоки низомӣ сиёсӣ ворид намешавем, пойгоҳи низомии кишварҳои дигарро ба ҳудуди Узбакистон роҳ намедиҳем ва сарбозони худро хориҷ аз кишвар намефиристем”. Амалкардҳое, ки дар авлавияти сиёсати Ислом Каримов қарор доштанд. Аркадий Дубнов, коршиноси умури Осиёи Марказӣ як рӯз пас аз фавти Ислом Каримов таҳавулоти баъдӣ дар Узбакистонро дар як ҷумла чунин гуфтааст: “Шоҳ мурд, зинда бод шоҳ!”
Ба ин тартиб коршиносон ба мавзӯъи равобити хуби Узбакистон бо Тоҷикистон хушбин нестанд. Андрей Грозин, раиси бахши Осиёи Миёна ва Қазоқистони Институти кишварҳои ИДМ-и АИ Русия барои хубии муносиботи ин ду кишвар даҳ сол фурсат додааст. Ӯ таъкид кардааст, ки барои хуб шудани муносибати Тоҷикистону Узбакистон “ниёз ба тамоюли дуҷониба ба созиш” ишора кардааст. “Ин ҷо ба назар гирифтани мавқеи Узбакистон лозим аст”.
Ин коршиноси рус бо ишора ба иттилои зидду нақизи Мирзиёев, ки гуфта мешавад ба муносибати хуб бо Тоҷикистон мусоидат мекунад, гуфтааст: “Дар миёни нухбагони узбак ва ҳамин тавр байни мардуми оддӣ зеҳнияте дар бораи тоза набудани асолати узбакии ин ё он раҳбар мавҷуд аст. Ин хоси ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аст. Ҳатто, агар бо ҳудуди Тоҷикистон ҳам рабт дошта бошад, онҳо инро рад мекунанд”.
Грозин гуфтааст ин гунна овозаҳо дар мавриди Ислом Каримов ҳам дар миён буданд. “Сиёсатмадорон ё қирғизи, тоҷик ва ё узбаки аслӣ нестанд. Ин дар фаҳмиши мардум аз замони Шӯравӣ ҷой дошт. Ин нуқтаҳои субективӣ, ки кӣ дар куҷо таваллуд шудааст ва ба кадом гуруҳи этникӣ дохил мешавад ба фазои сиёсӣ таъсир намерасонанд”.
Акнун ки “тавофуқи оро” дар бораи раисҷумҳури ояндаи Узбакистон ҳосил шудааст ва он ҳам Мирзиёеве, ки гуфта мешавад зодаи Тоҷикистон мебошад, умедвории ҷомеаи Тоҷикистон барои хубтар шудани равобит зиёд аст. Ба хусус, баъд аз он ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷанозаи ҳамтои узбакаш ширкат карду пояи тобути ӯро дошт, аз ҷониби коршиносон изҳори омодагӣ барои равобити хубтар маънидод шуд. Ҳар чи ҳам ҳаст, баъди 4-уми декабри ин сол шоҳиди он мешвем, ки Шавкат Мирзиёев чӣ муносибатеро бо Ватане пеш мегирад, ки он ҷо зода шудааст!