Раҳбари клиникаи ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд: Мехоҳам қабри ӯро зиёрат кунам (АКС)
Дар ҷануби Тоҷикистон маркази ҷарроҳии шахсие номи Аҳмадшоҳи Масъуд, аз тоҷикони номовари Афғонистонро дорад.
Саидҷон Мирзоалиев, раҳбари ин муассиса дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди шунидани хабари марги Аҳмадшоҳ Масъуд клиникаро ба номи ӯ гузошт. “Ман, ки аз рӯи ихтисос ҷарроҳ ҳастам, баъди сафарҳои зиёд ба кишварҳои хориҷ соли 1999 аввалин клиникаи шахсиро дар Тоҷикистон таъсис додам. Баъди як ҳафтаи шунидани хабари марги Аҳмадшоҳ дар соли 2011 Маркази ҷарроҳиро ба номи вай гузоштам”,-афзуд вай.
Ба қавли ҷаноби Мирзоалиев дар бораи қаҳрамониҳои Аҳмадшоҳ соли 1986 вақте дар Афғонистон қарор дошт, шунида буд: “Аз тоҷик будани чунин як шахсият ифтихор мекардам. Мутаасифона имкон даст надод, ки бо ӯ аз наздик шинос шавам, аммо ӯро зиёд эҳтиром мекардам”.
Раҳбари Маркази ҷарроҳии ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд мегӯяд, соли 2002 вақте Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг омад, аз клиникаи ӯ ҳам дидан кард: “Ёд дорам, ҳангоми дидани номи Аҳмадшоҳи Масъуд расо 5 дақиқа хомӯш истода, ба фикр фурӯ рафт. Баъдан дар хитоб ба ман гуфт, ки ин ном беҳтарин интихоб аст”.
Ба гуфтаи Саидҷон Мирзоалиев, мизоҷони маркази ҷароҳии ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Афғонистон ҳам кам нест ва бештари онҳо изҳори миннатдорӣ мекунанд, ки номи Аҳмадшоҳро ба клиникаи худ гузоштаам: “Масъулини Вазорати тандурустии Афғонистон пешниҳод карда буданд, ки суратҳисобе бо номи Аҳмадшоҳ Масъуд боз кунам ва маблағи воридшуда ба онро истифода намоям. Ман аз ин пешниҳод сахт ранҷидам, зеро ҳадафи ман даромад аз ҳисоби номи Аҳмадшоҳ нест. Ман аз ифтихоре, ки нисбат ба Аҳмадшоҳ дорам, номашро ба муассисаам гузоштаам. Аз ҳисоби тадовии беморон метавонам ҳам зиндагӣ ва ҳам клиникаи худро сари по истод кунам”.
Ин табиби тоҷик мегӯяд, қасд дорад бо даст додани имкон ба зиёрати қабри Аҳмадшоҳ биравад. Ба гуфтаи вай, тасмим буд, ки бо як ҳайати кормандонаш ба Панҷшер, зодгоҳи Аҳмадшоҳ бираванд, аммо аз сафорати Афғонистон гуфтаанд, шояд ин иқдом ба Толибон ё гуруҳҳои ифротӣ хуш наояд: “Гуфтанд, мо наметавонем амнияти шуморо таъмин намоем”.
Аҳмадшоҳи Масъуд, 9 сентябри соли 2001 аз ҷониби ду арабтабор, ки ба ҳайси хабарнигор меҳмони ӯ буданд, кушта шуд. Онҳо маводи мунфаҷираро дар дастгоҳи наворбардорӣ насб карда, аснои дар рӯбарӯи дурбин нишастани Аҳмадшоҳ онро тарконданд. Баъди марг ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон расман унвони “Қаҳрамони миллӣ” дода шуд. Аҳмадшоҳ дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёде дорад. Чанд сол қабл пешниҳодҳое низ буд, ки дар Душанбе як кӯча ё хиёбон ба номи ӯ гузошта шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |