Бахшҳо
15 сен 2016 10:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Узрхоҳии “Сомон Эйр” барои нороҳатиҳои мусофиронаш

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо пахши як изҳорот сабаби анҷом наёфтани парвоз дар хатсайри Душанбе-Санкт Петербург ва бозгашти ҳавопаймо ба фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистонро шарҳ дод.

Тибқи иттилоияи ин ширкат 14 сентябр соати 00:33 ба вақти маҳаллӣ, ҳавопаймои Боинг 737-800, ки ба самти Душанбе - Санкт-Петербург парвоз мекард, бо сабаби ҷамъ нашудани яке аз чархҳои ҳавопаймо ба фурудгоҳи ибтидоӣ баргардонида шуд: “Мусофирони хатсайри мазкур соати 02:20 ба вақти маҳаллӣ, тавассути ҳавопаймои дигари ширкати ҳавопаймоӣ- Боинг 737-900 ба шаҳри Санкт-Петербург интиқол дода шуданд”.

“Сомон Эйр” барои эҷоди нороҳатӣ аз ҳар як мусофири хатсайри Душанбе - Санкт-Петербург ва инчунин аз дигар мусофироне, ки дар пайи ин қазия вақти парвоз ва нишасташон тағйир дода шуд, узр хост.

Масъулини ширкат мегӯянд, ҷиҳати ҳар чӣ зудтар барқарор кардани ҷадвали парвозҳо ва ба самтҳои зарурӣ расонидани мусофирон кӯшиш карда истодаанд: “Шахсоне, ки хоҳиши баргардондани чиптаҳоро доштанд, маблағи чиптаро аз маконе, ки онро харидорӣ намуда буданд, ба даст оварданд”.
Мӯҳр
тт
Харакат кунед то бо тайёрахои хорича парвоз намоед

.... афсус хело афсус хамаи авиакомпанияхои Точикистон чархболхои кухнаву фарсудаи дигархора харидори мекунанд , неё ???? Чоп кунен техпаспортхои хамаи бортхои фарсудаи худро то хамаи мичозон бидонанд , худам 3 то 5 хазор рубл илова сарф кунам хам тарики хавопаймои ширкатхои хорича ба Ватан сафар мекунем

Магар ин бори аввал аст? Аввалҳои моҳи август хатсайри Дубай-Душанбе чӣ? Бале, ҳамон рӯзе, ки як ҳавопаймо дао фурудгоҳи Дубай оташ гирифта буд. Ин ҳодисаи нохуш ба ҳавопаймои Тоҷикистон чӣ дахл дошт, ки парвозро дуруст 24 соат пас аз Фурудгоҳи Шарҷа ба Душанбе анҷом дод. Ҳатто дар Шарҷа мусофиронро қариб ним рӯз дар як вазъияти номуайянӣ нигаҳ доштанд! Вале барои ин амали ношоиста ва беҳурматӣ нисбат ба мусофирон касе узр нахост. Зеро аксари кулли мусофирон тоҷирони тоҷик буданд. Чӣ зарур аст аз онҳо узр хостан. Аз ду сар касе аз болои бемасъулиятӣ ва беҳурматии ширкати Сомон Эр ба ҷое шикоят намекунад ва шояд накарда бошад. Тоҷик кай шикоят карда буд?!
Ҳавопаймои самти Душанбе-Питер дигар гап. Шояд туйи он панҷ, шаш ё даҳ нафар русҳо буданд, ки ширкати Сомон Эр фавран узрхоҳӣ кард. Ана ҳамин хел. Агар хоҳӣ, ки қадрдоният кунанд, аз тоҷикият даст кашу урус шав! Тавре мегӯянд - NO COMMENT!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)