Тавре аз маркази матбуотии хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни ин ҳамоиш ҷонибҳо масоили роҷеъ ба буду боши муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷи кишвар ва ҳифзи саломатии онҳоро баррасӣ намудаанд: « Ҳамасола кишварҳои муттамадин ба қувваи кори ниёз пайдо хоҳанд кард. Онҳо ба мутахассисони хубу донандаи забони кишварҳои худ ниёз доранд. Ҳамаи ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта мақомотҳои дахлдор вазифадоранд,ки муҳочирони худро бо забон ва ихтисос омӯзонида, аз муоинаи тиббӣ гузаронида, баъдан онҳоро ба кишварҳои пазиранда бифиристем».
Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки дар ин нишаст ҳамчунин қайд гардид, ки ба муҳочирон танҳо дар он сурат иҷозаи ба кор додан лозим меояд, ки онҳо пурра солим ва ба талаботи кишвари қабулкунанда чавобгӯ бошанд. Бинобар ин, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, ки дар оянда як маркази муҳоҷират ташкил хоҳанд дод, то дар он ба хоҳишмандон курсҳои махсуси забономузӣ ва ихтисосҳои замонавӣ омӯзонида шаванд. Гузашта аз ин, барои ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштан, дар ин мулоқот пешниҳод карда шуд, ки дастурамали махсус оиди одоби муошират, пешгирии бемориҳои сироятӣ, кӯмаки аввалиндараҷаи тиббӣ, гигиена, маданияти либоспӯши ва амсоли инҳо чоп карда шавад: « Омода намудани ролики махсус ва тариқи ВАО пахш намудани он барои аз ҷиҳати назари таёр кардани муҳочирин кӯмак мерсонад».
-Бо дастгирии Салиби Сурх баҳри ҳамкории бештар бо муҳочирони мехнатӣ дар назар аст, рӯзномае бахшида ба муҳочирон таъсис ёбад, ки он аз ҳаёту фаоълияти онҳо мардумро воқиф хоҳанд кард, -афзуд манбаъ.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |