
Табибони беморхонаи рақами 1-и вилояти Краснодар, таҳти роҳбарии Сергей Богданов дар пайи ҷарроҳии нодири 13-соатӣ Дилмурод Мирзоалиев, ҷавони 20-солаи тоҷикро соҳиби симои нав кардаанд.
Тибқи иттилои масъулини беморхонаи минтақавии рақами 1-и Краснодар пӯст барои симои нави Дилмуродро аз шикамаш гирифтаанд ва ба гуфтаи табибон ин нахустин чунин як ҷарроҳӣ дар таърихи тибби Русия аст.
Дилмурод, ки дар овони кӯдакияш сӯхтааст, то ҳол пайваста худро аз ҷомеа канор мегирифтааст: “Замоне, ки Дилмурод дар гаҳвора хоб будааст, оташи шамъ ба гаҳвора гузашта, симои кӯдакро сӯзондааст”.
Қиссаи Дилмурод баъди намоиш тариқи телевизиони Русия вокунишҳои зиёд ба вуҷуд оварда, хоҳишмандони кӯмак ба ӯ пайдо шудаанд. Дар пайи ҷарроҳӣ Дилмурод изҳор доштааст, ки шавқи зиндагӣ ба ӯ бозпас гаштааст ва нияти хонадор шуданро дорад.
Диловар Мирзоалиев, бародари Дилмурод дар суҳбат бо расонаҳои русӣ аз натиҷаҳои ҷарроҳӣ тавсиф кардааст: “Пеш чашмонаш пӯшида намешуданд. Ҳатто дар вақти хоб. Даҳонаш кушода намешуд. Ҳозир чашмонаш пӯшида ва даҳонаш хуб кушода мешавад”.
Табибони беморхонаи Краснодар мегӯянд, бо мурури замон осори ҷарроҳӣ дар симои нави Дилмурод камтар хоҳанд шуд.
Дар видео лаҳзаҳои ҷарроҳӣ истифода шудаанд ва тамошои он барои кӯдакону афроди эҳсосӣ тавсия дода намешавад:
Мӯҳр