Се голи беҷавоби АМА ба дарвозаи футболбозони то 19-солаи тоҷик
Мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар як бозии рафиқона аз Аморати муттаҳидаи Араб шикаст хӯрдааст.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин дидор дирӯз, 14 сентябр дар шаҳри Дубай баргузор гашта, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи мизбонон хотима ёфтааст. Манбаъ мегӯяд, бозии рафиқона дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти Осиё-2016 доир гашта, фардо, 16 сентябр ин ду тим як бозити дигар анҷом хоҳанд дод.
Қарор буд, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 19 сентябр дар ҷазираи Киш бо тими ҷавонони Эрон бозии рафиқона мекард, аммо он лағв шудааст.
Дар мусобиқоти Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн баргузор мегардад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шомили гуруҳи “D” буда, бо Узбакистон (15 октябр), Чин (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) қувва меозмояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |