Якшанбе, 6 Апрел 2025
Интиқоди Душанбе аз озмоиши силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ
Тоҷикистон аз иқдоми Кореяи Шимолӣ, ки 9-уми сентябри соли равон силоҳи ҳастаияшро мавриди озмоиш қарор додааст, интиқод намудааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ гуфтааст, “мо дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ 9 сентябри соли 2016 дар Кореяи Шимолӣ ҳамақида ҳастем. Ингуна иқдомҳои Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд”.
Душанбеи расмӣ афзудааст, ки “дар ин замина, мо аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ва инчунин изҳороти Шӯрои амнияти СММ ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA), ки Кореяи Шимолиро барои иҷрои ҳатмии қатъномаҳои дахлдори ША СММ даъват намудаанд, ҷонибдорӣ мекунем”.
Кореяи Шимолӣ аз соли 2006 инҷониб озмоишҳои ҳастаиро роҳандозӣ карда, таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |